arzon replenishment
Кӯдакони тоҷик ба камғизоӣ гирифторанд
694

- Зиёда аз 431 000 кӯдакони синни то панҷсола дар Тоҷикистон ба камбизоатии шадиди ғизоии кӯдак гирифторанд, ки ин боиси то 50 фоиз афзоиш ёфтани эҳтимолияти гирифтории онҳо ба лоғарӣ мегардад,- омадааст дар гузориши охири ЮНИСЕФ.

Тибқи гузориш дар Тоҷикистон 1 нафар аз ҳар 3 кӯдаки синни то панҷсола ба камбизоатии шадиди ғизоӣ гирифтор аст, яъне наметавонад хӯроки серғизо ва гуногунро дастрас ва истеъмол кунад, то дар солҳои аввали кӯдакӣ ва минбаъд афзоиш ва рушди муносиби ӯ таъмин гардад. Ин аз нишондиҳандаи ҷаҳонии 1 нафар аз ҳар 4 кӯдак баландтар аст.

Кӯдаконе, ки ҳадди аксар дуто аз ҳашт гурӯҳи ғизоҳои муайяншударо истеъмол мекунанд, гирифтори камбизоатии шадиди ғизоӣ ба шумор мераванд.

Сабаби зиёд шудани буҳрони камбизоатии ғизоӣ дар ҷаҳон, қодир набудани оилаҳо ба харидории хӯроки серғизо ва қодир набудани волидайн ба қабул ва риояи амалияҳои мусбати ғизодиҳии кӯдакон мебошад.

Дар бисёр кишварҳои ҷаҳон озуқавории арзон, камғизо ва носолими аз ҳад зиёд коркардшуда ва нӯшокиҳои бо қанд шириншуда шадидан байни падару модарон ва оилаҳо таблиғ карда мешаванд. Ин хӯрокҳо ва нӯшокиҳои носолимро қисми зиёди кӯдакони хурдсол истеъмол мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД