shoh palace
«КЕСЕРЕВО» БЕҲТАР Ё ТАВАЛЛУДИ ТАБИӢ?
16.05.2021
ОИЛА
5282

 

Зани 40-сола ҳастам. Бо шавҳари якумам 15 сол зиндагӣ карда, соҳиби фарзанд нашудам. Дарди бефарзандӣ ба решаи ниҳоли бахтам табар зада, хонавайронам гардонд. Дарднок аст таҳаммули шикасти бахт барои зани тоҷик, барои ба худ омаданам чанд сол вақт лозим шуд.

Хулоса, пас аз 5 соли ҷудоӣ дубора шавҳар кардам. Бахтам хандида, ин дафъа ҳомиладор шудам, аммо умрам ба ҷое расид, аз таваллуд кардан дар ин синну сол сахт метарсам. Мехоҳам фарзандамро бо роҳи ҷарроҳии чоки қайсар ба дунё биёрам, вале баъзеҳо мегӯянд, ки кесерево хавфнок аст, чунки баъди наркоз зан метавонад дигар ба худ набиёяд. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Сарвиноз, аз н. Рӯдакӣ.

Таваллуди табиӣ беҳтар ё ҷарроҳии чоки қайсар?-баҳсу мунозираҳо дар ин мавзӯъ хеле зиёданд. Иддае мегӯянд, бо роҳи ҷарроҳӣ ба дунё овардани фарзанд осонтар аст, гурӯҳи дигар баръакс иддао доранд, ки бибию бибикалонҳоямон 8-10 фарзандро будуни ягон хел ҷарроҳӣ таваллуд карда, ба воя расониданд ва набояд зан ба хотири чанд соат дард кашидан дар таги теғи ҷарроҳон бихобад. Албатта баъзе ҳолатҳое мешаванд, ки ҷарроҳӣ роҳи ягонаи наҷот додани ҷони зани ҳомила ва тифли батни ӯст, вале дар дигар ҳолатҳо бонувон бояд бартарӣ ва камбудиҳои ҳарду усулро дар мизони ақли худ баркашида, баъдан хулоса бароранд.

Дар хона таваллуд накунед!

Бонувони азиз! Бо роҳи табиӣ таваллуд мекунед ё ҷарроҳӣ албатта ин кори шахсии шумост, вале ҳаргиз дар хона тифлро ба дунё набиёред. Ба ёрии момоҳои пиронсол умед баста, дар хона таваллуд кардани зан бисёр хавфнок аст, чунки вақти ба дунё овардани фарзанд ҳолати зани зоянда тез-тез тағйир ёфта, сар задани ҳар гуна фалокатҳо аз эҳтимол дур нест. Худо накарда, хунравӣ сар шавад ё тифл дар роҳҳои таваллуд дармонад, аз дасти зане, ки аз илми тиб хабар надорад, коре намеояд ҳаёти ду инсон-модар ва кӯдак ба хатар меафтад. Саломатии худ ва фарзандатонро мехоста бошед, ҳатман ба таваллудхона равед.

Табиби таҷрибадор биҷӯед!!

Албатта таваллуд кардани зане, ки синну солаш аз 30-35 гузаштааст нисбат ба 18-20 солаҳо душвортар аст ва ин тоифаи хонумҳо аз моҳҳои аввали ҳомиладорӣ то таваллуд карданашон бояд дар зери назорати табибон қарор дошта бошанд. Кӯшиш кунед, ки ягон табиби таҷрибдорро интихоб намоед, то дар сурати сар задани мушкилӣ дар давраи ҳомиладорӣ ва вақти таваллуд ба шумо ва тифли батнатон ёрии фаврӣ расонида тавонад.

Усули таваллудро духтур муайян мекунад

Усули таваллудро на зани зоянда, балки духтур бояд интихоб намояд. Пештар бонувонеро, ки фарзанди нахустинашнро баъди 35-солагӣ ба дунё меоварданд, ҳатман ҷарроҳӣ мекарданд, вале айни замон илми тиб хеле пеш рафта, синну сол дигар барои ҷарроҳӣ нишондод шуда наметавонад. Имрӯз ҳатто занҳои 45-50-сола метавонанд бидуни ягон хел ҷарроҳӣ-мустақилона фарзандашонро ба дунё биёранд.

Ҷарроҳии чоки қайсар: бартарӣ ва камбудиҳо

Зане, ки таваллуд мекунад, бояд бартарӣ ва камбудиҳои ҳар як усули таваллудро бидонад.

Биёед, бартарӣ ва камбудиҳои чоки қайсарро дида мебароем.

Бартарии 1

Вақте ки зан тифли батнашро бо роҳи ҷарроҳии чоки қайсар ба дунё меорад, албатта кос ва узвҳои ҷинсии занонааш камтар зарар мебинанд. (Ҳангоми таваллуди табиӣ даридани узви занона-“разрыв” ба миён омада метавонад)

Камбудӣ

Азбаски тифл бо роҳи ҷарроҳӣ гирифта мешавад, захмаш ба зудӣ шифо намеёбад. Пайи ҷарроҳӣ албатта дард мекунад ва мехорад. Камбудии дигари ин усул дар он аст, ки из-пайи ҷарроҳӣ дар ҷисми зан боқӣ мемонад

Бартарии 2

Зан ҳангоми таваллуд кардан тамоман дардро ҳис намекунад.

Камбудӣ

Пас аз оне, ки тифлро сиҳату саломат аз батни модар гирифтанд ва таъсири наркоз гузашт, вуҷуди зан якбора ба дард медарояд. Албатта дар рӯзҳои аввал табибон барои камтар шудани дарду сӯзиш ба зани ҷарроҳишуда сӯзандоруи таскинбахш мегузаронанд, вале минбаъд то пурра сиҳат шудани пайи ҷарроҳӣ ба дард тоқат кардан лозим меояд.

Бартарии 3

Ҷараёни таваллуд ҳангоми ҷарроҳии чоки қайсар зудтар сурат мегирад, ки ин барои зан албатта хуб аст, вале на барои тифл.

Камбудӣ

Тифлаконе, ки бо роҳи ҷарроҳии чоки қайсар ба дунё меоянд, якбора аз як муҳит ба муҳити тамоман дигар меафтанд, ки ин хуб нест. Кӯдаконе, ки бо роҳи табиӣ ба дунё меоянд, ҳангоми тай кардани роҳҳои таваллуд оҳиста-оҳиста ба муҳит мутобиқ мешаванд ва саломатиашон хубтар аст.

Таваллуди табиӣ: Бартарӣ ва камбудҳо

Бартарии 1.

Зимни таваллуди табиӣ зан зери теғи ҷарроҳон намехобад ва наркоз қабул намекунад.

Камбудӣ

Таваллуд кардани зан як амри табиӣ бошад ҳам, бисёр дарднок аст. Занҳое, ки фарзанди нахустинашонро ба дунё меоранд, 10-12 соат ва дар баъзе ҳолатҳо як шабонарӯз ва аз ин ҳам бештар дард мекашанд, вале ин дард дарди фаромӯшшаванда аст. Аксари хонумҳо вақти зодан аз зӯрии дард қасам мехӯранд, ки дигар таваллуд намекунанд, аммо ҳамин ки дард гум шуд, қавлу қасамашонро фаромӯш карда, нақшаи таваллуд кардани боз ду-се фарзанди дигарро мекашанд.

Бартарии 2

Занҳое, ки мустақилона таваллуд кардаанд, тезтар ба худ меоянд ва аллакай баъди се рӯз метавонанд бо тифлакашон ба хонаашон раванд. Занҳои ҷарроҳишуда, танҳо баъди як ҳафта ё 10 рӯз ҷавоб мешаванд ва то пурра сиҳат шудани ҷойи захм чанд моҳи дигар азоб мекашанд.

Камбудӣ

Таваллуди табиӣ тӯл мекашад ва ҳолати зан тез-тез тағйир ёфта, ҳар гуна мушкилиҳо пеш омаданаш имкон дорад. Мабодо тифл аз ҳад калон ё коси зан хурд бошад, таваллуд карданаш камтар душвор мешавад.

Бартарии 3

Зане, ки бо роҳи табиӣ таваллуд кардааст, фарзандашро дарҳол макконда метавонад. Хӯрдани шири модар барои тифлаки нав ба дунё омада бисёр муфид буда, иммунитети кӯдакро бақувват месозад.

Камбудӣ

Дар сурати бо душворӣ ба дунё омадани тифл зимни таваллуди табиӣ узвҳои занона метавонанд сахт зарар бубинанд (разрыв).

Ҷарроҳӣ ҳатмист, агар...

Усули таваллуд бо дарназардошти вазъи саломатии зан интихоб карда мешавад. Зимни баъзе бемориҳо аз қабили иллатҳои дил ва рагҳои хунгарди он, вайрон будани кори ҷигару гурда, хирагӣ ва мушкилоти гуногуни чашм, аз ҳад калон будани тифл (аз 4 килограм зиёд будани вазни кӯдак), хурд будани коси зан ва мушкилоти дигаре, ки таваллуд кардани занро душвор месозанд, табибон гузаронидани ҷарроҳии чоки қайсарро тавсия медиҳанд. Дар чунин ҳолатҳо худсарӣ накарда, зан бояд ба маслиҳати табибон гӯш диҳад, то саломатии худ ва тифли батнашро аз хатар эмин нигоҳ дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД