arzon replenishment
КҲФ аз омадани селҳо ҳушдор медиҳад
357

 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 12-13-уми апрели соли 2024 дар як қатор ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ ва навоҳии ғарбии ВМКБ омадани селҳо эҳтимол дорад.

- Ғайр аз ин бар асари ҳавои номусоид сатҳи об дар рӯдхонаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ баланд мешавад. Сангрезиш ва лағжиши тарма дар роҳҳои кӯҳӣ аз эҳтимол дур нест,- меафзояд КҲФ.

Дар ҳамин иртибот Кумита аз сокинон хоҳиш кардаст, ки дар ин рӯзҳо аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳое, ки эҳтимоли лағжиши тарма ва регу санг доранд, худдорӣ намоянд: “Рафтан ба доманакӯҳҳо барои ғунучини гиёҳҳои доруворӣ, ҳезум, ба шикоргоҳҳо барои шикор ва соҳили обҳо барои моҳидорӣ рафтан маслиҳат нест”.

Гуфта мешавад, ки сокинон бояд каналу ҷӯйборҳо ва селроҳаҳои назди манзили зисти худро сари вақт тоза кунанд.

КҲФ ба ронандагон ва дӯстдорони кӯҳгардӣ ёдовар шудааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД