arzon replenishment
КФС «твистер»-ро бо мӯйи сар пешниходи мизоҷон месозад
1878

 

Чаро кормандони ин бренди машҳур ба қоидаҳои байналмиллалии санитарӣ риоя намекунанд?

Кушода шудани тарабхонаи КФС дар пойтахти Тоҷикистони азизамон шаҳри зебои Душанбе барои бисёриҳо як ҳодисаи фараҳангез буд. Банда ҳам ҳамчун як сокини пойтахт бисёр хурсанд шудам, ки ин бренди машҳур дарҳои худро ба рӯйи мардуми тоҷик боз намуд ва минбаъд имкон дорем, ки бо аҳли оила ва дӯстони наздикамон ба ин тарабхонаи бонуфуз сар зада, аз хӯрдани таомҳои лазизаш лаззат барем, вале аз серкорӣ натавонистам пештар аз КФС дидан кунам. Ниҳоят рӯзи шанбе (05.02.2022) фурсат даст дод ва ману духтарам қарор додем, ки дар рӯзи истироҳат бо таомҳои ин бренди машҳур худро зиёфат медиҳем.

kfs.jpg3

 

 

Тарабхона чунон серодам буд, ки ба қавле сӯзанро партоӣ ба замин намерасид. Мо твистер фармоиш додем ва дар гӯшае бо табъи хуш сари миз нишастем.

Дар оғоз ҳамааш хеле хуб ба назар мерасид ва аз омаданамон ба КФС хурсанд будем, вале баромадани як тора мӯйи дароз аз даруни хӯрок табъи маро чунон вайрон кард, ки диламон беҳузур шуда, кам монда буд, ки ғизои хӯрдаи худро қайъ кунам.

Ман базӯр худро ба даст гирифта ба назди корсоз-администратори тарабхона рафтам ва твистерро ба ӯ нишон додам. Аҷибаш он, ки ин ҳодисаи барои ман даҳшатовар ба назари корсози ин тарабхонаи машҳур як чизи хеле оддӣ намуд ва бепарвоёна твистери дигарро сӯям дароз кард. Аз чунин бемасъулиятӣ асабишудам ва бо ғазаб гуфтам:

-Ҳамааш ҳамин?! Дигар ягон чора диданӣ нестед?!

-Қоидаи мо ҳамин аст, агар аз дуруни хӯрок ягон чиз барояд, онро бо дигараш иваз мекунем,-ҳамчунон бепарвоёна ҷавоб дод корсози КФС.

-Ман намехоҳам, ки шумо онро бо дигараш иваз намоед ва дигар иштиҳои дар ин ҷо хӯрок хӯрдан ҳам надорам. Ман мехоҳам, ки зимни пухтани ғизо ба стандартҳои байналмиллалӣ ва қоидаҳои санитарӣ риоя карда шавад. КФС як бренди машҳур аст. Айб аст, ки аз даруни хӯроки он мӯйи сар барояд! Магар кормандони шумо ҳамин чизи оддиро намефаҳманд,-гуфтам базӯр худро нигоҳ дошта ва талаб кардам, ки масъули ошхонаро даъват намоянд.

kfs.jpg2

 

Интизорӣ қариб ним соат тӯл кашид ва баъди муроҷиатҳои пай дар пайи банда ниҳоят администратор бо духтараке наздам баромад. Духтар дар сараш кулаҳпӯши наппа-наве дошт, ки аз кулаҳпӯшҳои дигар кормандони тарабхона ба куллӣ фарқ мекард. Ба назар айен буд, ки духтар танхо ба хотири аз ин холат баромадан худи хозир ин кулохро ба сар пушидааст. Бонувоне, ки дар ошхонакор мекунанд, бояд мувофиқи қоида мӯйи сари худро ҷамъ ва тамиз карда, ҳатман дар сар кулаҳпӯши махсус ва дар дастонашон дастпӯшак пӯшанд.Дастони ин духтар мисли дасти мард сермӯй буданд, вале куртаи остинкӯтоҳ пӯшида, умуман дастпӯшак надошт. Корсоз: “я несколько раз тебе сделал замечание, но  не слушаешься!”гӯён, духтарро хеле кохиш кард.

kfs.jpg4

Дили ман баъди ин ҳодиса аз тарабхонаи машҳури КФС ях барин хунук шуд ва қарор додам, ки дигар ҳаргиз поямро ба остонааш намегузорам, аммо...

 

Садҳо нафари дигар бехабар аз он ки қоидаҳои санитари зимни пухтани ғизо риоя намешаванд, дари ин тарабхонаи машҳурро мекӯбанд ва шояд меҳмонони аз хориҷи кишвар омадаро низ ҳамроҳи худ ба КФС баранд. (Он рӯз низ дар тарабхона назари ман ба чанд нафар одамони хориҷӣ афтида буд) Тасаввур кунед, ки дар назди ягон меҳмони хориҷӣ аз даруни ғизо мӯйи дароз ё боз ягон чизи дигар барояд, чи мешавад?!

 

Ҳайфам меояд, ки кормандони ин тарабхона бо чунин муносибати бемасъулиятонаи худ номи як бренди машҳурро доғдор намуда, дили мардумро аз КФС хунук месозанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД