formula
ХАҲАРОНАМРО АЗОБ НАДЕҲ, КИ САРАТРО ҚОҚОҚОҚ МЕТАРОШАМ БОБО!
15.08.2020
Р. Азимӣ
2396

 

-Салом, ин ҷо «Оила»?
-Бале, чӣ дархост доред?
-Ман як ҷавони тоҷик, вале шаҳрванди Русия ҳастам. Мехостам саргузаштамро чоп кунед.
-Албатта, марҳамат!
-Аз даврони хурдиям падарам дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия аст. Дар 3– 4 сол як маротиба ба хона меомаду як ҳафта пас боз ба Русия бармегашт. Бобоям ману хоҳаракону модарамро чашми дидан надошт, ҳамеша корҳои вазнин мефармуд, мезад, дашном медод. Ҳар гоҳе ки падарам пул равон мекард, бобоям мисли уқоби ваҳшӣ суямон назар мекард. Нигоҳаш чунон пурғазаб буд, ки гӯё ҳозир чашмонамонро кофта мегирифта бошад. Ман дар мактаби бачагонаи санъат дар бахши навозандаи асбобҳои нафасӣ тасил менамудам ва ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе бо рафиқонам ба тӯйю маъракаҳо рафта пул кор мекардам, аммо ба худам як тинаш ҳам намемонд.

Бобоям як тин намонда ҳама пулҳоямро аз дастам кашида мегирифт. Ба падарам ҳамаашро нақл кардам, вале дар ҷавоб дадаам аз бобоям шиква намуда, гуфт, ки аз дасти ҳамин мӯйсафед ба муҳоҷират рафта, дигар ба хона баргаштан намехоҳад. Бобоям падарамро низ мисли ман азоб дода будааст. Падарам баъди хатми мактаб пул фиристод, то ба наздаш равам. Модару тағоҳоям аз бобоям пинҳонӣ чипта харида маро ба Русия гусел намуданд. Донишам, ки хуб буд, ба яке аз Донишгоҳҳои овозадори Русия дохил шудам. Аз хоҳаракам шунидам, ки бобоям то ҳол онҳоро азоб дода истодааст.

Модарамро таъна зада мегуфтааст: «Бачаи ман аз дасти ту ба дод омада ба Русия рафт, акнун сағераатро аз пасаш ба он ҷо фиристодӣ, ки агент шавад?! Ман оқибат шумоёнро аз ин хона дафъ мекунам…»

Ҳоли зори модару хоҳаронамро ба падарам нақл карда, хоҳиш намудам, ки онҳоро ҳам ба Русия биёрад. Ҳоло мо як оилаи калон дар шаҳри Волгоград зиндагӣ карда истодаем. Шодам, ки аз ғурбати бобоям халос шудем. Шунидам, ки дар бораи мо ҳар хел овозаҳои бардурӯғ паҳн кардаанд, барои ҳамин ба «Оила» муроҷиат намудам, то хешу табор ва шиносҳоямон фаҳманд, ки мо аз ҷабри мӯйсафед ҷонбезор шуда ба Русия рафтем. Дар ҳаққи мо ғарибон дуо кунед!

Изатуллои ғариб

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД