Arzon march 2024
ХОНААТ СӮЗАД, ҶАНГҶӮ!
7264

 

 Аз марги фоҷиабори ту шаш моҳ сипарӣ мегардад, вале мани зор то ҳол бовар надорам, ки ту дар зери хокӣ. Болобаланди абрӯсиёҳ, хушбозуи паҳлавон, азизи дили шикастаи ман, шаҳи бекафани ғарибгӯрам, манзили охирататро намедонам, донам ҳам рафта наметавонам, зеро мани муштипар куҷою сафар ба биёбонҳи пурхуну ҷангзадаи араб куҷо?! 

Шояд хонандаи азизи «Оила» аз хондани ин сатрҳои парешони ман ҳайрон шавад, маро бубахшед мардум, аммо дигар тобу тавони дар банди ҷигар гирифта гаштани ин доғро надорам ва кӯшиш кардам, ки чизе нависам….

Ману Насим дар як синф мехондем. Муаллимаамон, ки ба мо чун модар меҳрубон ва хеле оқилаю босавод буданд, аз рӯзи аввали ба остонаи мактаб қадам ниҳодан моро паҳлуи ҳам шинонд. Ёд дорам, ҳамон рӯз муаллима «Насим дар бари Райҳон мешинад, зеро бӯи хуши зулфакони райҳонро танҳо насим ба атроф паҳн мекунад» гӯён, табассум карда буд. Ман он вақт хеле хурд будаму ба маънии ин гуфтаҳо чандон сарфаҳм намерафтам, вале ин суханони шоиронаи муаллима ҳамоно дар саҳифоти хотирам сабт шудаанд. Бо гузашти солҳо фаҳмидам, ки муаллима суханбозӣ карданду халос.

Ману Насим зуд ба ҳам унс гирифтем. Ман аз оилаи камбағал, вай бошад, аз оилаи доро буд ва ҳар рӯз дар сумкааш қандҳои коғазҳояшон зарҳалини бамазза оварда маро зиёфат медод. Ин меҳрубонии Насим ҳаваси муаллима ва рашки кӯдаконаи дугонаҳоямро меовард. Чун анъана дар 23-юми феврал ман барояш туҳфа мекардам, туҳфаҳоям оддию арзонбаҳо буданд, вале модари Насим дар иди занон барои ман матоъи қимматбаҳо ва сарсӯзанҳои зебое мефиристод. Дар синфамон бойдухтаре мехонд, дар як ид ӯ хост туҳфаашро ба Насим диҳад, вале ӯ рад карда бо шодӣ туҳфаи маро гирифт. Саодати катача лабашро инҷ карда гуфт:

-Намурдӣ ту бо ҳамон атри бадбӯи Райҳонаки ҷандапӯш, падарам соати саддолара харида буданд…

Ман гиря кардам ва Насим адаби Саодатро дод….

Пас аз ин моҷаро модари бечораам охирин пулҳои доштаашро ҷамъ карда, барои Насим туҳфаи қимматбаҳо мехарид ва ман бо сари баланд онро ба вай месупоридам. Оҳиста-оҳиста мо қад кашидему дӯстии кӯдаконаамон ба муҳаббат табдил ёфт. Пас аз хатми синфи нуҳ падараш Насимро аз мактаб ба литсей бурданӣ шуд, вале ӯ ба хотири ман нарафт. Дар мактаб ҳама моро Лайлӣ ва Маҷнун мегуфтанд, чунки ҳамеша дар як парта менишастем ва бо ҳамдигар хеле меҳрубон будем. Насим пас аз дарс маро то хонаамон гусел мекард, вале ҳеҷ гоҳ рафтор ё кӯшиши беҷое намекард. Духтарони ҳамсинфам ба қавли худашон кавалер доштанду ҳамеша аз меҳрубониҳои онҳо қисса мекарданд, боре Саодати мағрур, ки кавалераш Шаҳбоз ном бойбача буд, бо ҳавас бар бораи бӯсобӯсиҳояшон нақл кард. Ман гиребони ҳайрат гирифтам. Саодат бо тамасхур гуфт:

-Насим туро дӯст намедорад! Дӯст медошт, магар дар ҳамин қадар сол як бор бӯсаат намекард? Ту камбағалӣ, дилаш ба ҳолат месӯзад….

Ҳамон рӯз бо Насим гап назадам. Бечора то пушти дарамон аз қафоям рафта гаштаю баргашта сабаб пурсид, вале ман хомӯшона оби дида мерехтам. Хомӯшии ман Насимро асабӣ карду пеши поям ба зону нишаста илтиҷо намуд:

-Райҳонҷон, ман чӣ гуноҳ кардам?

Ба чашмони зебояш нигариста таънаи Саодатро гуфтам, ӯ аз ҷояш ба як чолокӣ хеста бори аввал аз лабонам бӯсид ва гуфт:

-Фардо ба Саодат гӯй, ки Насим пеши ман ба зону зад. Азизам, ман туро ба занӣ мегирам. Ҷавони нияти нек дошта ҳеҷ гоҳ ҳамсари ояндаашро сари кӯчаю тангкӯча ба оғӯш гирифта бадном намекунад.

Солҳои мактабӣ ба охир расиданд. Ман бо дониши худам ба Донишгоҳи омӯзгорӣ дохил шудам, Насимро бошад, волидонаш зӯран ба яке аз Донишгоҳҳои Маскав дохил намуданд. Ӯ пеш аз сафараш ба Маскав ба хонаамон омад. Аз ин амалаш дар назди падару модар ва додарам шарм доштам. Падарам солҳои зиёд фалаҷ буду дар бистари беморӣ мехобиду модари фаррошам бо музди ночизаш зиндагиамонро базӯр пеш мебурд, ман аз хонаи бетаъмиру дастархони камбағалонаамон шарм медоштам, вале Насим бозавқ ҳамроҳи додарам шавла хӯрда суҳбат мекард. Падарам аз шухиҳои ӯ завқ карда механдиданд. Пас аз чанд лаҳзаи суҳбат Насим якбора чун тарошаи аз бом афтидагӣ барин аз волидонам дасти маро хоста гуфт:

-Амакҷон, холаҷон, ман Райҳонро дӯст медорам ва аз шумо хоҳиш мекунам, ки ӯро ба шавҳар надиҳед. Ҳамин ки ман донишгоҳро хатм карда баргаштам, албатта ба хонаатон хостгор фиристода, бо ӯ хонадор мешавам….

Падари беморам хомӯш буд, вале модарам бо ранги парида гуфт:

-Насимҷон, писарам, ту аз оилаи сарватманду баобрӯ, авҳоли мо ба худат маълум, волидонат ҳеҷ гоҳ розӣ намешаванд, ки камбағалдухтарро ба занӣ гирӣ, барои ҳамин аз ин умеди ботилат даст кашида, бо хотири ҷамъ ба хондан рав…

Падарам гапи модарамро бурида канда-канда ба сухан гуфтан оғоз намуд:

-Писарам, Райҳон ҳам хонданӣ, ту ба ман маъқул шудӣ, хонданро буд кунед, баъд сари ин масъала меоем…

Вақти рафтани Насим ман аз шарм берун набаромадам, вале субҳи дигар телефонӣ ба ӯ сафари бехатар хостам.

Мо ҳарду донишҷӯ шудем. Қариб ҳар шаб дар тамос бошем ҳам, дурӣ аз Насим қалбамро пора мекард. Ба хотири каме ҳам бошад фаромӯш кардани дарди ҳиҷрон ба кор даромадам, то нисфирӯз мехондаму баъди дарс дар мактаби хатмкардаи худам дарс медодам. Бо ҳамин минвол ним сол сипарӣ шуду Насим ба таътили зимистона омад. Рӯзи омаданашро ба волидонаш нагуфт, зеро мехост дар фурудгоҳ ман пешвозаш гирам. Дилам аз шавқи дидор аз қафаси сина баромадан мехост. Мо то дер якдигарро аз оғӯши ҳам раҳо накардем. Ба қаҳвахонаи назикии фурудгоҳ даромада хеле суҳбат кардем, баъд Насим мошинеро киро карда маро ба назди хонаамон расонду худаш рафт. Дар борхалтаи ба дастам додааш туҳфаҳои зебое буданд. Костюм, пойафзол, ширинҳо, туҳфаҳои махсус барои волидонам…

Ӯ ҳамагӣ як моҳ дар ватан буд ва мо дар ин муддат ҳар рӯз дидор медидем. Фараҳи оғӯшу нашъаи бӯсаҳои аввалини ошиқонаро дар ҳамин як моҳ чашидаму Насими ман боз ба Маскав баргашт. Кош доманашро аз дастам раҳо намекардаму пеши пояш фитода зор-зор мегиристам ва роҳи сафарашро мебастам. Худоё, агар медонистам….

Тобистонро бесаброна интизор будам, зеро Насим метавонист зиёдтар бо ман бошад, аммо роҳпоиҳоям барҳадар рафтанд. Насими ман ба ҷойи ба Ватан омадан ба Арабистон рафта будааст. Вақте занг зада дар хоки араб буданашро гуфт, ҳайрон шудам, ки дар Арабистони ҷангзада чӣ гум кардааст? Он вақт намедонистам, ки ашхоси палиду беимоне пайдо шудаву ҷавононро гумроҳ карда ба сангарҳои хунин мебаранд, инро вақте фаҳмидам, ки овозаи кушта шудани Насим дар Арабистон ба гӯшам расид. Насим дар ҳар тамоси телефонияш, ки хеле кутоҳ буданд, ба Арабистон рафтанашро «коркунӣ» шарҳ медод, вале риштаи зангҳои пурмуҳаббаташ якбора чун риштаи умри ҷавонаш канда шуданд.

Бо шунидани ин хабари шум ҳамроҳи ҳамсинфонам ба хонаи волидони Насим рафтам. Занони зиёде бо чеҳраи маҳзун он ҷо менишастанд, вале модараш ба марги писараш бовар надошт. Ман низ ба марги азизи дилам бовар надорам, вале ин ҳақиқати талхи зиндагист. Хостгорони зиёдеро танҳо ба хотири ишқи Насим ноумед гардондам, аммо вай ба қавлаш бевафоӣ намуда, маро дар нимароҳи зиндагӣ танҳо гузошт.

Дар олами хоб низ Насимро парешону оғӯштаи хоку хун мебинам ва аз лабони парсинбастаам танҳо як дуо пар мекашад:

Хонаат сӯзад, ҷангҷӯ!

                                                                               Санавбар

                                                                                  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД