Акнун ҳар бегоҳӣ онҳо ба сайри шаҳр мебаромаданд. Аммо Фирдавс ҳеҷ ҷурьат пайдо намекард, ки ошкоро рози дилашро кушода, бигӯяд, ки “ман туро бо тамоми ҳастӣ дӯст медорам”. Гулноза ҳар рӯз интизор буд, ки Фирдавс ин суханони тилоиро мегӯяд. Аммо аз санг садо мебаромаду аз ӯ не.
Рӯзе Гулноза пурсид:
- Ту дар ҳаёт ошиқ шудаӣ?
Фирдавс шармида гуфт:
- Оре, як бор ва ин тамоми умр хоҳад буд.
Гулноза бо як нози духтарона гуфт:
- Канӣ бигӯ, янгаи хушбахтам кӣ будааст?
- Ба ойина нигоҳ кун!
- Оҳо, ту шоир ҳам будаӣ ку.
Фирдавс бо муҳаббати поку самимӣ дасти Гулнозаро фишурда, гуфт:
- Бале, ман аз ишқи ту шоир шудам.
Гулноза аз хурсандӣ қариб буд дод занад.
Акнун онҳо ба ҳама ҷо якҷоя мерафтанд. Муҳаббаташон вирди забони шиносу ношинос шуд. Мавзуна аз ишқи сӯзони додари ягонааш огаҳӣ ёфта, на он қадар хурсанд шуд. Зеро, медонист, ки модараш ҳаргиз Гулнозаро келин намекунад. Ҳатто боре Фирдавсро дар танҳоӣ танбеҳ дода, гуфт:
- Додари азизам, Гулноза туро Лайливор дӯст доштааст, агар модараму падарам розӣ нашаванд, дили ӯро сахт мешиканӣ.
Фирдавс гуфт:
- Апаҷон, ман ӯро дӯст медорам ва барои ба висоли ҳам расиданамон то ба охир мубориза мебарам.
Гулноза дар дил орзуҳои ширин мепарварид. Аллакай аз рози ниҳонаш апаҳояшро огаҳ карда буд. Ҳамеша бовар дошт, ки бо Фирдавс оянда якҷоя хоҳанд шуд. Худро ҳамеша бо пероҳани сафеди арӯси паҳлуи Фирдавси болобаланд тасаввур карда, аз шодӣ чашмонаш медурахшиданд.
Вақти имтиҳонсупорӣ буд. Якбора Фирдавс бедарак шуд. Гулноза аз Мавзуна ӯро пурсон шуд. Мавзуна чашмонаш пурашк гуфт:
- Модарам сахт касал аст, ман ҳам имтиҳонҳоро таъҷилӣ месупораму ба хона меравам. Модарам байни маргу зиндагӣ қарор дорад.
Мавзуна рӯзи дигар ба хонаашон рафт.
Гулноза сахт парешонхотир шуда, ба дилаш чизе намеғунчид. Онҳо аҳду паймон карда буданд, ки баьди хатми мактаби олӣ зану шавҳар мешаванд. Аммо хабари бемор шудани модари Фирдавс қалби Гулнозаро пора-пора кард.
Ӯ ҳам бояд баъди супоридани имтиҳонҳои охирин ба хона мерафт. Вале дилаш ким-чихел ноором буд. “Ҳар чӣ бодо, бод” гӯён, нишонии Мавзунаро гирифт. Ба деҳаи Мавзунаву Фирдавс зиндагӣ мекардагӣ рафт. Садои карнайу сурнай ва ҳофизи тӯй ними деҳаро фаро гирифта буд. Пурсида-пурсида хонаи Фирдавс омад. Аммо дар дами дари ҳавлӣ меҳмонону сурудхонии ҳофизон, столҳои пурнозу неъматро дида, ҳайрон шуд. Дар пешгаҳи ҳавлӣ арӯсу домод таъзим карда меистоданд. Аввал аҳамият надоду фикр кард, ки ба ягон суроғаи нодуруст омадааст. Вале Мавзунаро дид, ки сӯяш оғӯш кушода омаду оҳиста ба гӯшаш гуфт:
- Гулнозҷон, ки туро хабар кард?
- Туйи кӣ аст?
- Тӯйи Фирдавс.
- Чӣ?
- Гулнозҷон, ман баъд ба ту ҳамаашро мефаҳмонам. Фақат илтимос, ҳозир хомӯш бош. Ин ҳама ба хотири модари беморам аст.
(Давом дорад)
Шаҳлои НАҶМИДДИН