Имрӯз муносибати хушдоману келин ба як масъалаи доғи рӯз мубаддал гаштааст. Ба кадом хонае сар нахалонӣ, албатта келин аз хушдоман менолад ё хушдоман аз келин. Худи ман низ келин ҳастам, вале келини хушбахт. Оламро бо сӯзан ҳам кобанд, хушдомани ман барин хушдоманро намеёбанд.
Ман замоне ба шавҳар баромадам, ки дар курси сеюмидонишгоҳ мехондам. Ростӣ саргарми таҳсил шуда, чандон ба кадбонугӣ шавқу заву надоштам ва аз ӯҳдаи бисёр корҳои рӯзгор намебаромадам, вале хушдоманам, ки худашон духтар надоштанд, маро ҳамчун духтар қабул карда, рӯзгордориро ёд доданд. Албатта ҷавону бетаҷриба будам ва хатогиҳои зиёде мекардам, вале ёд надорам, ки ягон бор хушдоманам барои шӯр ё бенамак шудани хӯрок ё кореро мувофиқи табъаш анҷом надодан маро сар заниш карда бошанд ё гапи сахт гуфта бошанд. Ҳамеша таъкид мекарданд, ки ҳеҷ кас аз модараш кадбонуи моҳир ба дунё наомадааст ва бо суханони гарму самимӣ пухтани тамоми хӯрокҳоро ба ман ёд медоданд. Ҳамин тавр бо кӯмаки модаршӯйи меҳрубонам мани беҳунар ҳунармнадтарин келин шудам. Зиндагиамро даҳ сол шуда бошад ҳам, ягон бор рашку ҳасуд ва бадбинии хушдоманамро эҳсос накардаам. Он кас ҳеҷ гоҳ байни ману фарзандонашон фарқият намегузоштанд ва бароям дар ҳақиқат модари дуюм гаштанд.
Мақсади ман худро таъриф кардан не, балки роҳнамоии келинҳои ҷавон аст. Гуфтанӣ ҳастам, ки хонаи хушдоман мактаби ҳаёт аст, агар келин аз имтиҳони устод, яъне хушдоман гузарад, албатта хушбахт мешавда ва зиндагиаш ширину гуворо мегузарад.
МАҲИНА, н. Хуросон