formula
Ховалинг: Худсузӣ аз ҷабри янга
3776

 

Ман як ҷавонзани деҳотии таҳсилнодида ҳастам, аз ҳамин сабаб аз ҳамаи шумо бахшиш мепурсам, агар дар номаам сухани хатое бошад.

Падарам баъди хатмимактаб маро ба писари як ҷӯрааш ба шавҳар дод, вале ба бахти бади ман домод наркоман баромад. Аз рӯзи аввали зиндагӣ шавҳарам шасташро шинонданӣ шуда ошкоро гуфт, ки ман барои ӯ танҳо як канизак ҳастаму халос. “Сари кафида таги тоқӣ” гӯён, ба тақдир тан дода ба ҳамааш тоқат мекардам, то ки зиндагиам вайрон шуда, таънашунави дӯсту душман нагардам. Ҳамеша бо сари хам хизмати аҳли оиларо ба ҷо оварда, аз хати кашидаашон берун намебаромадам. Хусуру хушдоманам аз ман розӣ буданд ва ҳамеша маро дуои нек карда “хокро гирӣ, дар кафат зар шавад” мегуфтанд, вале шавҳари нашъамандам маро тамоман чашми дидан надошт. Бечора хусурам писарашро ба беморхонаи наркологӣ бурд, то ки сиҳат шуда, аз паси зиндагӣ шавад. Муддати ду моҳ шавҳарам дар беморхона хобида, аз он ҷо тамоман одами дигар шуда баромад. Меҳрубонии шавҳарамро дида, аз хурсандӣ курта-курта гӯшт мегирифтам, чунки дар қадам аллакай кӯдак шуда буд ва намехостам, ки фарзанди ман дар муҳити пур аз ҷангу ҷидол ба воя расад, аммо…

Беҳуда намегуфтаанд, ки “кӯзапуштро танҳо хоки гӯр рост мекунад”, баъди ду-се моҳ шавҳарам боз ҳамон қилиқҳои ҳаромашро сар кард. Акнун вай пул наёбад, чизу чораи хонаро дуздида бурда мефурӯхт. Боре занҷираи тиллоии маро, ки падарам бо пули калон харида буд, аз сандуқчаи ҷавоҳиротам дуздида бурду ба пулаш нашъа харида, нимаи шаб масту махмур ба хона баргашт. Косаи сабрам лабрез гашт ва бори аввал садо баланд карда, барои занҷираи тиллоӣ бо шавҳарам ҷанҷол кардам. Шавҳарам ба ғазаб омада, маро мурданивор лату кӯб кард ва таъкид намуд, ки агар як бори дигар гап гардонам ё ӯро таъна занам, маро зинда нагузошта, сарамро бо корд аз танам ҷудо мекунад. Сари қаҳр то нашъаро напартоӣ, ман дигар поямро ба ин хона намемонам гӯён, таги як курта ба хонаи падару модарам омадам. Хусурам баъди ду рӯз маро хабаргирӣ омада гуфт, ки писарашро боз ба беморхона хобонда табобат мекунад ва Худо хоҳад, фарзандамро, ки сиҳату саломат ба дунё овардам, баъд омада маро ба хона мебаранд.

Янгаам ин гапро шунида абрӯ чин кард. Вай дар назди хусурам чизе нагуфта бошад ҳам, баъди рафтани ӯ қиёматро қоим кард, ки то зоиданат ҳоло ду моҳи дигар ҳаст, барои чӣ ту ба хонаат намеравӣ?!

Гиря карда гуфтам, ки ман як умр дар хонаи шумо монданӣ нестам, камтар тоқат кунед, шавҳарам сиҳат шавад, ба хонаи худам меравам.

Хуллас, баъди ду моҳ аз хонаи падарам ба таваллудхона рафта, писар таваллуд кардам. Табибон кӯдакро муоина карда гуфтанд, ки касалии дауна дорад. Сабаби бемор ба дунё омадани фарзандам нашъамандии падараш будааст.

Мани дилшикаста баъди се рӯз бо чашми гирён кӯдаки ноқисулақ дар даст ба хонаи падарам баргаштам, зеро шавҳарам ҳанӯз ҳам дар беморхона буд. Модарам бо зорию тавалло янгаамро розӣ кард, ки то гаҳвора харидан гаҳвораашро диҳад, то ки тифли навзоди маро гаҳвора кунанд. Дар бадали 40 рӯзи дар хонаи волидонам буданам ягон рӯзе набуд, ки янгаам ҷангу ҷанҷол бардошта ба ҳаққу ҳамсояҳо кинои бе пул надиҳад. Ҷиянчаҳоям бо шавқ ба назди тифлаки ман омада, мехостанд ниничаро ба бағалашон бигиранд, вале очаи морзабон ва худонотарсашон ба сарашон дод мезад, ки нагиред, касали он кӯдаки девона ба шумо ҳам мегузарад. Ин суханҳои талхро аз забони янгаам шунида дилам хун мешуд, вале лаб зери дандон гирифта чизе намегуфтам. Хомӯшии ман янгаи албастиамро торафт далертар мекард. Вай дар назди падару модар ва бародаронам ошкоро маро таънаю маломат карда, талаб менамуд, ки девонаи зоидаамро гирифта ба хонаи хусурам равам. Мабодо модарам ӯро насиҳат кунад, янгаам қиёматро қоим карда бо тамоми овоз дод мезад: “Худамон базӯр як пора нон меёбем, боз ин беваи шавҳардоратон бо сағераи девонааш дарди сари мо шудааст. Мемурад, ки сағераашро гирифта ба хонаи хусуру хушдоманаш равад…”

Зор-зор гиря карда мегуфтам, ки камтар тоқат кунед, ҳамин ки чиллаам баромад, хусуру хушдоманам омада, маро мебаранд, вале…

Як рӯз янгаам боз аз каллаи саҳар доду фиғон бардошт ва чун дид, ки касе ба суханҳои талху дарднокаш ҷавоб намедиҳад, дарро ба шатта зада ба хонаи хоби ман даромад ва кӯдаки хобро аз гаҳвора кушода “маҳ, ин девонаатро гир, гаҳвораи ман ба худам даркор мешавад” гӯён, бо шаст ба рӯйи хона ҳаво доду гаҳвораашро гирифта баромада рафт. Косаи сабрам лабрез гашт, кӯдакро дар болои кӯрпача монда аз пасаш баромадам ва бо чашмони пуроб гуфтам: “Ягон рӯз аз дасти шумоён худамро оташ мезанам, охир мемонед, ки дар хонаи падарам як нафаси осуда кашам ё не?! Ин хонаро падари шумо насохтааст-ку! Наход ман ҳаққи дар хонаи падари худам зистан надошта бошам?!” Янгаам лабашро бурма карда пичинг зад: “Беҳуда ҷак-ҷак карда, маро бо худкушӣ натарсон. Ҷон ширин аст…”

Дигар ӯ чиҳо гуфт, ёд надорам. Фақат ҳамин қадараш дар ёдам ҳаст, ки тозон ба ошхона даромадам ва бақлашкаи пур аз сӯзишвориро гирифта ба сарам рехтаму гӯгирд задам. Алангаи оташ дар як дам сар то пойи маро печонда гирифт. Ҷонҳавл худро ба берун зада бо тамоми овоз дод мегуфтам. Ҳамсояҳо фиғони талхи маро шунида ба имдод шитофтанд вале….


3-4 дона анҷири хушкро бегоҳӣ дар оби ҷӯш тар карда, субҳ анҷирро хӯред ва баъдан обашро бинӯшед. Ногуфта намонад, ки гиёҳҳои морчӯба, мармарак, чилбуғум ва газна низ ба дарди шумо даво гашта метавонанд.

 


Ба ҳуш омада, худро дар беморхона дидам. Табибон бо ҷонбозиҳои зиёд ҷони маро аз панҷаи аҷал халос карданд, вале азобҳои ҷонсӯзи дар беморхона кашидаамро то рӯзи қиёмат фаромӯш нахоҳам кард.

Хулласи калом, баъди қариб як моҳ аз беморхона баромадам, аммо аз ҳусну малоҳати пештараам ному нишоне намонда буд. Пас аз худсӯзӣ ба кампири миҷморуқи фартут ва бадафте табдил ёфтам, ки бо дидани рӯйи пур аз доғ ва қутури даҳшатнок кас ба даҳшат меафтад. Шавҳари наркоманам баъди аз беморхона баромадан талоқи маро дода, зани ҷавон гирифт, кӯдакамро бародарам ба ятимхона бурда супорид. Медонам, ки дигар ба ягон кас даркор нестам….

Мақсад аз навиштани ин номаи пурдард он аст, ки духтарон ва ҷавонзанҳои тоҷик аз сарнавишти талхи ман ибрат гирифта, ҳаргиз хатои маро дар зиндагӣ такрор накунанд. Новобаста ба он ки шумо чӣ мушкил доред, худсӯзӣ роҳи ҳалли масъала нест. Одаме, ки барқасди касе ё аз ғаму кулфат ва танҳоиву нотавонӣ даст ба худсӯзӣ мезанад, ҳаёташро бо дасти худаш ҳам дар ин дунё ва ҳам дар он дунё месӯзад!

М-и бадбахт, аз ноҳияи Ховалинг

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Беном 2019-09-11, 18:20
Бародарат занкалон "подкаблучник" будааст.
Посух
Беном 2019-09-11, 22:31
Аввалан хонаводаатон бисёр хусуру хушдомани нағз бурдаанд. Худованд умрашонро дароз кунад чихел бо янгаи беақлу бетарияи шумо дар хона зиндаги доранд. Аҳсан ба падару модаратон. Бародаратон марди даюс будааст Янгаатона аз оилааш тарбияи дуруст нагирифта будааст апаҷон. Дар ин зиндаги бисёр пастиву баланди ҳаст худо сабр диҳад ба шумо.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Беном 2019-09-11, 18:20
Бародарат занкалон "подкаблучник" будааст.
Посух
Беном 2019-09-11, 22:31
Аввалан хонаводаатон бисёр хусуру хушдомани нағз бурдаанд. Худованд умрашонро дароз кунад чихел бо янгаи беақлу бетарияи шумо дар хона зиндаги доранд. Аҳсан ба падару модаратон. Бародаратон марди даюс будааст Янгаатона аз оилааш тарбияи дуруст нагирифта будааст апаҷон. Дар ин зиндаги бисёр пастиву баланди ҳаст худо сабр диҳад ба шумо.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД