arzon replenishment
Мурдаат дар кӯча мемонад, ота!
6011

 

Ҳафт сол пеш падарам «занак, то кай як бурда нони қоқ мехӯрем» гӯён, борхалтаашро гирифта азми Русия кард.

Модари бечораам он замон ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеовард, ки ба умеди зиндагии серу пур шуда, шавҳарашро аз даст медиҳад. Ростӣ, панҷ соли аввал як пойи падарам дар Русияву пойи дигараш дар Тоҷикистон буд, мудом пул мефиристод, аз ҳоламон хабар мегирифт, вале баъд як беваи русро ёфту зану фарзанд доштанашро фаромӯш кард. Падари беинсофам муддати ҳафт сол на ягон бор занг заду на як тин пул фиристод. Бечора модарам бо хуни ҷигар моро калон карда, шабҳо то саҳар хун мегирист, ки шавҳарашро дар Русия кушта партофтаанд, ба зиндон афтидааст ё ба сараш ягон фалокати дигар омада, ки аз худ хабар намедиҳад, аммо...


Мақсади ман спонсор ёфтан набуд. Модарам ба мардуми дарғара эътиқоди хоса доранд, танҳо ба хотири модарам ман ин сурудро хондам.


 Баъдтар маълум шуд, ки падарамро ягон ҷин назадааст. Як бегоҳ бо пойи худаш аз дар даромада омад, аммо танҳо не, ҳамроҳи як зани аҷинасурати мӯйи сараш заб-зард ва як бачаи тахминан 4-5 сола. Модарам кӣ будани ин меҳмонҳои нохондаро пурсиду дар бало монд. Падарам шарм надошта, ошкоро гуфт, ки дар Русия зан гирифтааст ва ҳамсараш Наташаро ҳамроҳи писараш ба Тоҷикистон овардааст, то ки бо мо шинос кунад. Ин гапро шунида хун ба сари модарам зад ва фиғон бардошт, ки беваи маймунашро зуд аз ин хона дафъ кунад. “Ту зани маро беваю фарзандашро сағера гуфтӣ” гӯён, падарам модари бечораам чунон бераҳмона лату кӯб кард, ки хун аз даҳону биниаш фавора зад. Хайрият, ки ҳамсояҳо доду фиғони модарамро шунида ба имдод шитофтанд ва очаҷонамро аз таги мушту лагади шавҳари хиёнаткораш халос карданд, вагарна падари золимам аз рӯйи зани русу сағераи зарди ҳаромиаш ӯро зада мекушт. Тамоми хешу табор тарафи модарамро гирифта, падарамро сарзаниш карданд, ки беҳуда зани русашро ба хона овардааст, зудтар ӯро ба ватанаш гусел карда, аз зану фарзандони ҳалоли никоҳиаш намонад, аммо ба гӯши падарам на панд медаромаду на насиҳат. Вай қаҳр карда, зану бачаашро гирифта боз ба Русия рафт.

Падарам рафту модарам аз ғами хиёнати шавҳари носипосаш, ки дар вақташ бо ишқу ошиқи ӯро ба занӣ гирифта буд, ба бистари беморӣ афтид. Ягон касали дигар мешуд, дарди бахайр буд, вале модарам аз рашку ғаму алам девонаавзоъ шудааст. Гоҳ худ ба худ гап зада механдад, гоҳи дигар бо алам гиря мекунад. Ҳоли модари мисли фаришта зебо ва покдоманамро дида, дилам хун мешавад.

Ба воситаи сомонаи Оила ба падари бевиҷдонам, ки модарамро ба ин дарди бедаво гирифтор карда рафт ва айаллан як бор занг зада, аз ҳолу аҳволи мо пурсон намешавад, гуфтаниям:

-Бо зану бачаи сарзардат ин қадар дағдаға накун, ота! Ман хислати занҳои русро хуб медонам, онҳо ҳаргиз бо як мард қонеъ намешаванд. Имрӯз, ки пул дорӣ, барои Наташа азиз ҳастӣ, бовар кун, пиру корношоям шуда монӣ, зани русат туро мисли саги дайду ду лагад зада, аз дараш берун мекунад. Ба умед нашав, ки он вақт мо боз туро соҳибӣ карда, болои чор қабат кӯрпача мешинонем. Коре, ки нисбати модарам кардӣ, ҳаргиз аз дили мо намеравад. Бе пулу бе ёрии ту ҳам мо ба воя расида, соҳиби бахту тахт мешавем, умед дорам, ки бо мадади худованд модарам низ шифо меёбад, вале бо он беваи уруси алкашат мурдаат дар кӯча мемонад, ота!

Сайёра аз Обигарм  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД