Arzon march 2024
Худкушии ҷавони 20-сола дар Лучоб
4831

Овозаи худкушии як ҷавони 20-сола дар маҳаллаи Лучоб чанд рӯз боз даҳон ба даҳон мегардад. Аксарият гиребон медоранд, ки чаро як ҷавони ҳанӯз талхиву шириниҳои зиндагиро начашида, аз ҳаёт ин қадар барвақт сер гашта, даст ба худкушӣ зада бошад.

Яке ҳадс мезанад, ки духтари дӯстдоштааш ба ӯ хиёнат намудаасту тоби бевафоии маҳбубаашро накарда, қасди ҷони худ намудааст, дигарӣ сабаби худкушии ҷавонро дар моҷарои оилавӣ мебинад. Барои фаҳмидани асли ҳодиса хабарнигори мо ба яке аз дӯстони наздики Умедҷони ноком занг зад. Ин ҷавон бо шарти ошкор накардани ному насабаш сабаби худкушии Умедҷонро шарҳ дода, чунин гуфт: 

-Умедҷон Раҳматов, донишҷӯи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон буда, дар ҳақиқат худро дар шохаи дарахте ба дор овехта кушт. Сабаби худкушии ин ҷавони номурод як садамаи нақлиётӣ гаштааст. Умедҷон пеш аз даст ба худкушӣ задан моҷарои ба сараш омадаро дар телефони молибиаш сабт намуда, аз модараш бахшиш пурсидааст. Умедҷони ҷавонмарг иқрор шудааст, ки чанд рӯз пеш бо мошини як дӯсташ ба сайри шаҳр баромада, ба садамаи нақлиётӣ гирифтор гаштааст.


ДУШАНБЕ: АСРОРИ ЗЕРИ ЧАРХИ «МЕРСЕДЕС” МОНДАНИ ДУ ДУХТАРИ 19-СОЛА


Аз сабаби бетаҷрибагӣ мошини Умедҷон ба як мошин тамғаи Мерседесс бармехӯрад. Ронандаи Мерседесс аз гиребони Умедҷон гирифта, талаб мекунад, ки мошинашро ба пуррагӣ таъмир карда диҳад, вагарна ҷояш кунҷи зиндон хоҳад шуд. Ҷавон аз тарс таъмир кардани мошинро ба гардан мегирад, вале аз сабаби имконияти иқтисодӣ надоштан ба қавлаш вафо карда наметавонад. Азбаски Умедҷон аз оилаи камбағал буд, роҳи ягонаи халосиро дар худкушӣ дида, худро дар шохаи дарахт ба дор овехтааст.
Баъди пайдо кардани ҷисми бе ҷони Умедҷон аҳли оилаашон телефони ӯро пайдо карда, ҳақиқати ҳолро фаҳмиданд ва аз паси ҷустуҷӯи марде шуданд, ки боиси марги фарзандашон гашт, аммо он ронандаро пайдо карданд ё не, ҳанӯз маълум нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД