sebiston july new
Худо гуноҳатро бубахшад, падар! Қисми 2
1263

 

Шоиста бо Шамс вохӯрд. Шамс бо як дидан шефтаи ӯ гардид. Омада, ба падар хурсандона гуфт, ки худи ҳамин ҳафта Шоистаро никоҳ карда, ба ӯ диҳанд. Аброр пеш аз маърака Шоистаро талоқ дод.

Ҳамин тавр, Шоиста ба ин хонадон ба ҳайси келин омад. Бо Шамс мисли ду кабӯтар буданд. Аброр аз рашк сӯхта, хокистар мешуд. Рӯзе тоқаташ тоқ шуду дар танҳоӣ ба Шоиста таҳдид кард, ки агар ҳамин хел дӯстдориатро пеши чашмам нишон диҳӣ, ба писарам тамоми сирро фош мекунам.

-Аброр, илтимос, ба писарат чизе нагӯй. Ман дар ҳаётам аввалин бор Шамс барин мардро дидаам. Чӣ гуноҳе кардам, Худо бубахшад. Ӯро дӯст медорам. Ҳаёти маро вайрон накун.

-Тифли шикамат чӣ?

-Таваллудаш мекунам.  

-Ман чӣ?

-Туро Худо бубахшад. Маро фаромӯш кун.

-Наметавонам.

-Тамом, ту аз Худо тарс. Ту барои ман дигар хусур ҳастӣ. Падари шавҳарам.

Аброр сари калобаашро гум кард. Садои хандаи Шоистаро шунавад, дилаш ба ёди он рӯзҳои бо ӯ буда ба таппиш меомад. Бо ҳамсараш дағалона муомила мекард. Шамс аз падар пурсид, ки “чаро хотиратон парешон аст падар, тинҷӣ аст охир?”

-Хубам, фақат ки сарам вақтҳои охир сахт дард мекунад.

Аброр шефтаи Шоиста дигар ақлашро бохт. Нисфирӯзие дар набудани писараш ва хоб будани ҳамсар давида, ба ҳуҷраи Шоиста даромад. Шоиста ин дам рӯйи диван дароз кашида мехобид.  

-Оҳ, чонам. Чӣ хелӣ? Ин ҷо биё, пазмонат шудам.

-Канӣ рав аз ин ҷо. Ту дигар барои ман номаҳрамӣ. Рав. Ба писарат ҳамаашро худам нақл мекунам. Виҷдонам тоза мешавад.

-Ин ҷо биё,-шаҳват чашмони Аброро пушида, суханони Шоиста ба гӯшаш намедаромаданд. Дастони Шоистаро ба зӯрӣ ба гардани худ ҳалқа карданӣ шуд, аммо ҳамин вақт Шамс аз дар даромаду ӯ дар ҷояш шах шуда монд. Шоиста ӯро аз худ дур карду гирякунон ба Шамс гуфт:

-Ман гуноҳе надорам.

-Падар, чӣ гап аст?

-Писарам, ин ҷо вақти гуфтугузор нест. Рафтем ба берун. Боз модарат бедор нашавад. Ӯ сахт бемор аст.

-Падар, агар модарамро фикр мекардӣ, ба номуси зани ман дастдарозӣ намекардӣ?

-Ин зан, замоне зани никоҳии ман буд.

-Чӣ?

-Рафтем, ҳамаашро бароят нақл мекунам.

Шоиста гирёну нолон худро ба пеши пойи Шамс партофта гуфт:

-Шамсҷон, маро пеш накун, хоки поят мешавам. Баъди бо ту никоҳ кардан, ман ягон кори ғайришаръӣ накардаам. Худо шоҳид аст. Чизе ки буд, дар гузаштаам буд. Маро бубахш.

Онҳо аз ҳавлӣ баромаданд.

-Шамс, Шоиста зани ман буд. Аз ман ҳомиладор аст. Ман кори хато кардам, ки ӯро ба ту никоҳ кардам. Маро бубахш.

-Падар, агар ин лаҳза дигар мард ин суханонро бароям мегуфт, аз гулӯяш дошта, буғӣ карда мекуштам. Аммо ту падари манӣ, шавҳари модарам ҳастӣ. Барои ҳамин ман ҳаволаи туро ба Худо месупорам.

Шамс худи пагоҳаш чипта хариду бо модар хайрухуш карда, баромада рафт ба Русия. Шоиста ҳайрону нолон монд дар хонаи шавҳар. Бегоҳии ҳамон рӯз Шоистаро дар гарданаш банд овезон дар шифти хона дарёфтанд. Дар мактубчае навишта буд, ки дар маргаш касеро гунаҳкор намекунад. Баъди марги Шоиста Аброр касалӣ шуд. Худро дар марги ӯ ва фирори писар гунаҳкор медонист. Аз байн 15 сол сипарӣ гардид. Яку якбора Аброр бистарӣ шуд. Базӯр гап мезад. Инак, дар бистари марг азоби сахте дошт.  

-Канӣ Шамс? Шамс...

Шамс баъди ба Русия рафтан бо зани тоторе шинос шуду ҳамхона гардид. Бо модару бародаронаш телефонӣ суҳбат мекард. Барои модар доимо пул мефиристод. Вале дар ин 15 сол ягон бор напурсид, ки падарам чӣ хел аст. Баъди фаҳмидани хабари нохуш, ҳарчанд худро бепарво нишон диҳад ҳам, дилаш барои дидори падар гум мезад. Ҳамсари тотораш, ки зани хеле хубу мефаҳмидагӣ буд, насиҳаташ кард, ки зудтар ба Ватан ба охирин дидори падар биравад.

-Охир, одамизод бандаи хокӣ аст ва гуноҳ мекунад. Ӯро дами марг интизор накун. Аллакай Худо ӯро ҷазои сахт дод. Рав...

Вақте ки Шамс аз дами дар даромад, дами Аброр ба қавли мардум ҳот шуд. Нафаси сабук кашид.  

-Писарам, маро пиҳил кун.

-Пиҳилат кардам, падар…

Якбора руҳаш аз танаш ҷудо шуду осори оромӣ дар чеҳрааш намоён гардид. Шамс ӯро бори охирин бӯсиду зери лаб гуфт:

-Падар… Худо ҷоятро ҷаннат гардонаду гуноҳатро бубахшад. Дидор дар қиёмат.

Шаҳлои Наҷмиддин

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД