Arzon march 2024
ХУДОРО ЗОРӢ МЕКАРДАМ, КИ ТЕЗТАР ИН РӮЗҲОИ САНГИНРО АЗ САРАМОН ДУР КУНАД
3697

Салом хонандагони азиз!  Мехоҳам саргузашти талхи хешро ба шумо қисса кунам. Тақдир маро бо аҳли оилаам ба Русия бурд.

Дар бораи ин кишвар баъзеҳо чунон нақлҳои аҷоибу ғароибе мекунанд, ки одами надидагӣ Русияро биҳишти рӯйи замин гумон мекунад, вале ману аҳли оилаам дар ин «биҳишт» азоби дӯзахро аз сар гузаронидем.

Шавҳарам дар яке аз мағозаи «Карусел» муҳофиз шуда кор мекард. Шабе бе сабаб кормандони пулис дари моро кӯфтанд ва шавҳарамро бо туҳмат ба шуъбаашон бурда, ду рӯз нигоҳ доштанд. Дар ин ду рӯз бечораро чунон лату кӯб намуданд, ки маъюбу маслуқ шуда монд. Ҳамон шабу рӯзҳо ман дар моҳи охирини ҳомиладорӣ қарор доштам ва бо такудави зиёд падари бачаҳоямро аз чанги кормандони пулис халос карда ба хона овардам. Аз як тараф алами маъюб гаштани шавҳар ва аз ҷониби дигар ғами бекасию бечорагӣ маро дарун ба дарун мехӯрд. Як қуттӣ макаронро се тақсим карда, кам-кам се рӯз хӯрок мепухтам. Лаби бачаҳои бечораам хӯрокро бинад, шикамашон намедид. Ҳар гоҳ аз хонаи ҳамсоя бӯйи хуши ягон ширинӣ ё таоми иштиҳоовар ба машом расад, фарзандонам гиря мекарданд, ки «Очаҷон, барои мо ҳам чунин хӯрокҳои бомаза пазед». Бо шунидани ин суханон дилу ҷигарам об мешуд, вале замин сахту осмон баланд буд. Ягона такягоҳи мо дар мулки мардум парвардигори олам буду халос. Шабу рӯз бо чашми гирён Худоро зорӣ мекардам, ки тезтар ин рӯзҳои сангинро аз сарамон дур карда, моро ба рӯзҳои неку равшан бирасонад. Ниҳоят Худо оҳи диламро шуниду рӯзе чашмам ба як эълон афтид, ки сокинони як маҳаллаи бообрӯ каляска ва дигар ҷиҳози нодаркори худро бе пул ба одамони муҳтоҷ доданиянд. Суроғаро гирифта ба ҳамон маҳалла рафтам ва чанд аробачаи кӯдаконаю дигар чизҳои нимвайронро гирифта омадам.

Шаби дароз рӯйҷои чизҳои овардаамро шуста хушк ва дарзмол намудам, сипас аз шавҳари маъюбам хоҳиш кардам, ки илоҷе карда, ҷойҳои шикастаю нимшикастаи асбобҳоро аз нав дуруст кунад. Ҳамин тавр ману шавҳарам ба чизҳои куҳна умри дубора бахшида, онҳоро тавассути интернет фурӯхтем. Аз маблағи ба даст омада, барои фарзандонам озуқавории якмоҳаро харида, пули иҷораро низ додам ва се рӯз пас боз писарча таваллуд кардам.

Беҳуда намегуфтаанд, ки ҳар кас пою қадам ва ризқу рӯзии худро дорад. Тавлиди меҳмони нав зиндагии моро рангу маънии тоза бахшида, аз қашшоқию камбағалӣ баромадем. Оҳиста-оҳиста шавҳарам ба по хест ва мо ба Ватан баргаштем.

Хонандагони азиз, ман танҳо ба он хотир қиссаи зиндагиамро ба шумо нақл кардам, ки ба қадри Ватан бирасед ва ҳаргиз орзуи дар мулки бегона тахту бахт ёфтанро накунед. Ғарибӣ дарди сахт аст. Бузургонамон беҳуда нагуфтаанд:

Гадо гар дар Ватан мирад, амир аст,

Амири бе Ватан хору ҳақир аст.

Бо эҳтиром: Озода

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД