shoh palace
Хуки хона шаву хурди хона не!
1790

Ман фарзанди хурдии хонадон ҳастам. Пеш аз модари ман падарам бо чор зан издивоҷ карда будааст. Аз ҳамсари аввалаш 2 духтар, аз зани дуюмаш 1 писар ва аз сеюмаш ду писару як духтар доштааст. Зани сеюмашро падарам бо се фарзандаш гирифтааст. Зани чорумаш бошад, аз падарам чор фарзанд меёбад. Ҳамаи онҳо вақте ки бузург шуданд, бо сабабҳои гуногун аз падарам рӯй гардониданд. Падарам дар синни 50-солагӣ бори панҷум бо модари ман хонадор шуда буд. Он замон модарам 30-сола ва соҳиби 4 фарзанд буд. Ҳангоме ки бо падарам издивоҷ намуданд, модарам зуд ба дили падарам роҳ меёбад. Аз рӯи нақли падарам модарам дар ҷавонӣ хеле зани зебо будааст. Аз издивоҷи онҳо ману хоҳарам ва ду акаам ба дунё омадем. Зиндагии мо алоҳида бошад ҳам, фарзандони падарам ба хонаи мо зуд-зуд ба меҳмонӣ омада, мову модарамонро ғам медоданд. Гӯё модарашон ба онҳо маслиҳат дода бошад, нисбати модарам беҳурматӣ зоҳир мекарданд. Модарам аз рафтори онҳо хеле ғамгин шуда, ба тақдири бадаш лаънат мехонд. “Ман сухани ҳар яки онҳоро чӣ гуна тоқат кунам?!” гуфта, бо падарам арбада мебардошт. Рӯзҳо мегузаштанд, ҳамаи фарзандон аз пайи зиндагии худ шуданд. Се зани аввалаи падарам аз дунё гузаштанд, ба ҷавонии худ нигоҳ накарда, дар ҷанозаҳои онҳо иштирок кардам. Ду акаи угаям низ хонадор шуданд. Азбаски ҳавлиамон хурд буд, онҳо меҳнат карда, хона харида кӯчиданд. Падарам низ ба бемории ҷигар гирифтор шуда, аз дунё гузашт. Фарзандони падарам ҳама ҷамъ шуда, маросими дафни падарамро гузарониданд. Баъди чанде модарам низ дунёро тарк карданд. Акнун барои як ҳавлӣ байни фарзандони падарам доим баҳсу хархаша аст. Агар қонунӣ бигирем, бояд ман меросхӯри падарам бошам, аммо падарам ба ғайр аз ман боз наздики 20 фарзанди дигар дорад. Баъзан мехоҳам, ки аз баҳри мулку мерос гузарашта, аз хона баромада равам. Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?
Озар

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД