35 years of independency
Хушдоман гандаю писараш хуб? Инсоф кунед, келинҳо!
27.09.2026
Oila.tj
50

Дар замони ҳозира баъзе келинҳо мудом аз хушдоман шикоят карда, модаршӯяшонро ганда мекунанд ва золиму ҷаллод нишон медиҳанд, вале ба фикри ман айб дар худи келинҳо низ ҳаст. духтарҳо баъди ба шавҳар баромадан агар модаршӯяшонро иззату эҳтиром кунанд, ҳеҷ гап намешавад. Ба гапи хушдоман «ҳа, хуб» гӯянд, осмон омада ба замин намечаспад-ку!

Аммо баъзе келинҳо ба хушдоман зиндагидориро ёд додан мехоҳанд. Ба ҷойи «ҳа, хуб» гуфтан, гапгардонӣ мекунанд, ба як гапи модаршӯяшон даҳ ҷавоб дода, ба асабаш мерасанд, ана баъд ҷангу ҷанҷол ва баҳсу мунозира сар мешавад. Ба чунин келинҳо гуфтаниям, ки рӯзе мерасад, ки худи шумо ҳам хушдоман мешавед. Агар келинатон шуморо иззату ҳурмат накунад, чӣ кор мекунед?

Аҷоиб аст, ки хушдоманаш ганда, вале писараш нағз! Кадом келине, ки хушдоманашро азоб медиҳад, ҷавобашро аз келинаш мегирад. Ин ҳаёт ҳамин хел аст - қонуни бумеранг!

Бо эҳтиром, М.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД