Arzon march 2024
Хушдомани меҳрубон аз арӯси беҳунар кадбонуи моҳир сохт
867

 

Ман мехоҳам андешаҳои худро нисбати хушдомани меҳрубонам холаи Меҳримоҳ, ки чор келин дораду ҳамаи мо мисли апаву хоҳарем, баён намоям.

Хушдоманамро ман модар мегӯям. Вакте ки келин шуда омадам, ягон кори хонаро наметавонистам. чунки дар хонаамон ду янга доштаму онҳо намегузоштанд, ки ба коре даст занам.

Хуллас, баъди келин шуда омадан, хостам барои хушдоманам оши палав пазам. Дар ҳаётам боре ош напухта будам. Ҳоло зирбак наҷӯшида, биринҷро ба дег андохтам. Ошам мисли шавлаи часпак омад. Аз шарм гиристам, аммо хушдоманам чизе нагуфту аз нав оши палав пухт. Дере нагузашта, ба ман ошпазиро ёд дод. Рӯзи дигар пурсид, ки нон пухта метавонӣ? Ман гуфтам, ки метавонам. Ба танӯр алов карда, вақти нончаспонӣ ба дастам дастпӯшак напушидаму ҳангоми нонро ба танӯр бастан, оринҷи дастам сӯхт. Худам қариб ба даруни танӯр афтида, бирён мешудам. Маро ба беморхона бурданд.

Баъди ин ҳодиса хушдоманам сахт эҳтиёт мекард, ки ман ба ягон кори хона даст нарасонам. Ҳамаи кори кадбонугиро худаш ба ман ёд дод. Ҳоло ман кадбонуи хубе ҳастам. Ба се келини дигари хонавода, ки баъди ман омадаанд, кори хонаро омӯзондам. Агар хушдоманам маро дастгирӣ намекард, шояд хонавайрон мешудам. Ба ҳамаи духтарон чунин хушдомани хубро хоҳонам.

“Кошонаи Шаҳло”

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД