Сабрина лаънат мегӯяд ба он рӯз, ки Назарро дӯст дошту ба хотири ӯ дили садҳо ҷавони дигарро шикаста, ба хонаи онҳо келин шуда омад…
Арӯси нав
Ҷавонон якдигарро дар як тӯй дида хуш карданд, баъд фаҳмиданд, ки дар як донишгоҳ таҳсил мекардаанд, танҳо Назар аз Сабрина ду курс болотар мехонд. Бо гузашти рӯзҳо ишқи онҳо мустаҳкамтар мешуду ҷавонон бе якдигар, ба қавле як қадам ҳам намемонданд, Назар донишгоҳро хатм карду мувофиқи ваъда ба хонаи волидони Сабрина хостгор фиристод.
Падару модари Сабрина меҳмононро хуш пазируфта, барояшон дастархони пурнозу неъмате оростанду ба хотири ишқи духтарашон ба издивоҷи эшон розигӣ доданд.
Тӯй барпо гашту навхонадорон ба шоҳроҳи зиндагии мустақил қадам ниҳоданд. Дар аввал ҳамааш хуб буд, хусуру хушдоманаш аз келин ризо буданд, зеро Сабрина дар замин наменишаст, ҳамеша ба по рост буд. Субҳи барвақт аз хоб хеста, то бедор шудани аҳли оила наҳории лазизе тайёр намуда, мисли пешхизмати тарабхонаҳо хизмати хусуру хушдоман ва додаршӯю хоҳаршӯяшро мекард.
Зиндони зиндагӣ
Назар аз Сабрина напурсида, ӯро ба шуъбаи ғоибона гузаронида буд ва Сабрина низ чун одати дигар духтарони тоҷик, ҳатто норозигӣ баён накард. Арӯсак ба маънои томаш ба хизмати пайвандони шавҳараш камар баста буд, ҳатто ҳомилагияш низ каме раҳми хушдоманро намеовард, ки ӯро аз баъзе корҳо озод созад.
Аз бӯи равған дилаш беҳузур шавад ҳам, даҳонашро бо латтае баста, вазифаашро иҷро мекард. Хоҳаршӯяш духтари қадраси синфи даҳ бошад ҳам, аз дасти хӯрда хобидан баданаш он қадар равған гирифта буд, ки бинанда гумон мекард, зани сисола аст. Ин духтар аз дарс меомаду сари мизи оростаи Сабрина нишаста, фашар-фушуркунон мехӯрду ба хонааш даромада мехобид ё компютербозӣ мекард. Инаш басанда набуд, ки чанд лаҳза пас янга об биёр, янга компот биёр, янга як пора тортик биёр гуфта, ҷонашро ба лаб мерасонд. Сабрина ба ҳамаи ин одат карда буд, вале писарчааш таваллуд ёфту зиндагияш ба ҷойи хубтар шудан ба ҷаҳаннам табдил ёфт.
Бадгӯиҳои модаршӯ
Кӯдак нигоҳубини хоса мехосту Сабрина наметавонист соатҳо сари дегу табақ барои аҳли оилаи бамаззахӯраки шавҳар хӯрок тайёр кунад, ин ҳама қаҳри хушдоманро меоварду ӯро дар назди писараш бадгӯӣ мекард. Назари меҳрубони ошиқ ба як шавҳари дағалу бераҳм табдил ёфта, бо таънаю эродҳояш дили Сабринаро хун мекард.
Хушдоманаш рӯирост ба шавҳари Сабрина мегуфт:
- Писарҷон, метарсам ин танбалхӯҷа туро ба латтаи полшӯӣ табдил надиҳад, зоидам гуфта дасташро ба оби хунук намезанад, Худо медонад худаш ҳамроҳи кӯдакаш хоб меравад!
Назарро шӯронданҳои модар вайрон карда буданду шабу рӯз бо ҳамсараш ҷанҷол мекард. Сабрина кӯшиш мекард, ки дар вақти хоб будани кӯдакаш ҳама корро ба субут расонад, вале хушдоман аз ӯ ризо набуд.
Зулми хусур
Як шаб писарчааш Назирҷон таб карду то рӯз нахобид, Сабрина низ ҳамроҳи кӯдак бедор буд, ба вай дору мехӯронд, ба баданаш спирт мемолид, метарсид, ки шавҳар ё хушдоманашро бедор кунад, ки духтурро ҷеғ зананд. Қарибиҳои субҳ тифлакро хоб бурду Сабринаи лакоту аз бехобӣ гаранг низ сарашро рӯи болин монда, хобаш бурдааст.
Ӯро садои ба ҳам задани чойнику пиёла ва дегу кафгир ба худ овард ва парида хест, зуд ба ҳаммом даромада, дасту рӯяшро шӯсту ба ошхона гузашта, узромез гуфт:
- Салом очаҷон, имшаб Назирҷон касал шуд, то рӯз хоб накардем, дар хоб мондам...
Хушдоман бо қаҳр ба сараш дод зад:
- Э мур, хоб нарафта, як ту зоидӣ, як кӯдаки ту бемор мешавад, хусуру хушдоман аз хоб хеста, келин хоб, ин куҷои гап?!
- Охир, кӯдак шаб касал шуд...,- шояд ин дафъа овози келин баландтар баромад, ки хусураш аз айвон ба ошхона ворид шуда, аз дасти Сабрина гирифта, ӯро аз дар берун карду гуфт:
- Ту манҷалақӣ, боз забон баровардаӣ? Канӣ дафъ шав, ки дигар афтатро набинам…
Сабрина пушти дар монд, аз ҳамсояҳо шарм дошта, берун баромаду рӯи хараки бинои истиқоматияшон нишаст, оби чашмонаш рухсораҳои гулгунашро мешӯстанд. Ӯ мегирист, барои беқадрию беҳуқуқии худ...
(Давом дорад)
Рухсора САИД