Хусури беимону хушдомани бераҳм (ҚИСМИ 2)
1243

Талоқ

Ҳамон рӯз дигар ӯро ба хона роҳ надоданд, дилаш барои кӯдаки бемораш мисли доғ месӯхт, ҷавонзан маҷбур пиёда-пиёда то хонаи модараш, ки дар кунҷи дигари шаҳр воқеъ буд, расид.

Модар ҳолати зори духтарашро дидаю шарҳи воқеаи ба сараш омадаро шунида, зуд ба шавҳараш занг зад. Падари Сабрина марди зиёии ботамкине буд, модараш низ ҳаргиз намехост оилаи навсохти духтараш вайрон шавад. Онҳо то метавонистанд духтарашонро насиҳат карданду бегоҳ Сабринаро гирифта ба хонааш бурданд, вале Назар занашро дар назди хусуру хушдоманаш талоқ дод.

Падару модари Сабрина аз ин беақлии домодашон дар ҳайрат афтиданд ва Сабрина бо дили пурхун писаракашро гирифта ҳамроҳи волидон ба хонаи падарӣ, ки он ҷо ду бародараш бо ҳамсару фарзандонашон зиндагӣ мекунанд, баргашт.

Назар ба суд ариза доду онҳо қонунӣ ҷудо шуданд. Сабрина дар суд хоҳиш кард, ки шавҳари собиқаш барои фарзандашон хона харида диҳад, вале Назар имконият надорам гуфт, ҳарчанд онҳо чанд хонаи холӣ доштанд ва суд Сабринаро дар хонаи истиқоматии падари фарзандаш маскун кард. Пас аз ин ҷудоӣ Назар ҳар ҳафта омада писарашро мебурд ва ду-се рӯз бо онҳо мемонд.

Таҳқир

Назар зани дигар гирифт, Сабринаро ба ҷону дилаш алов рехту барқасди зани нави шавҳараш ҳамроҳи иҷрочиёни суд ба хонаи хусуру хушдомани собиқаш рафт, ки дар хонаи маскун кардааш ба зиндагӣ оғоз кунад.

Ҳарчанд Назар тамоми чизу чораи Сабринаро дар мошине бор карда ба хонаашон бурда буд, ҷавонзан барои дифоъ аз ҳуқуқҳояш ба хонаи як вақтҳо макони бахту шодияш рафт… кошки намерафт… Ӯ ва иҷрочиёни судро хушдоманашу хоҳаршӯяш бо қавоқҳои гирифта пешвоз гирифтанд, палонҷаш бо либосҳои арӯсӣ рӯи хона гаштугузор дошт. Ӯро дар хонаи хоби шавҳарашу зани наваш маскун карда буданд.

Хушдоманаш ӯ ва ҳамроҳонашро ба хонаи раҳнамоӣ кард:

- Мо ҳамагӣ се хона дорем, ду хона аз ману ду фарзандаму шавҳарам, як хона аз инҳо.

Кати хоб хеле зебо оро дода шуда буд, Сабрина худро базӯр дошта, пурсид:

- Ман дар ин хона... дар куҷо ақаллан хоб мекунам?

Ҳамин вақт палонҷаш бо як нозу лабханди масхараомез гуфт:

- Ту ана ин поёнба хоб мекунӣ, писарат бо мо дар диван...

- Боз ман шарт дорам,- ба тарафи келини наваш бо мамнунӣ нигариста, гуфт хушдоманаш,- мудом, ки ту дигар ҷойи рафтан надорӣ, ҳар рӯз ҳоҷатхонаю ҳаммомро мешӯӣ, кори ту ҳамин!

Сабрина дигар тоқати ин мазҳакаро накарда, аз хона берун шуд…

Умед...

Инак, шаш моҳ боз Сабрина кор мекунад, ӯ тамоми талошҳояшро барои он карда истодааст, ки барои худашу писаракаш як сарпаноҳе харад. Ҳарчанд Сабрина имрӯз аз чизе камбудӣ надорад, вале заҳри забони хушдоман аз умқи дилу ҷонаш намеравад...

Рухсора САИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД