sebiston july new
Киҳо соҳиби "Тӯби тиллоӣ" мешаванд?
1128

Лионел Месси, ҳамлагари «Интер Майами», дигарбора соҳиби ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» хоҳад шуд.

Шонси бузургтарини ӯ пирӯзӣ дар Ҷоми ҷаҳони футбол буд. Дар мавсими гузашта ӯ дар 53 бозӣ ширкат карда, 32 гол зада, 25 паси головар анҷом додааст.

Маросими супурдани ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” рӯзи 30 октябр дар шаҳри Париж баргузор мешавад.

То ин замон Месси аллакай ҳафт бор барандаи «Тӯби тиллоӣ» шудааст, ки ин рекорд дар футбол аст. Ӯ ин ҷоизаро солҳои 2009, 2010, 2011, 2012, 2015, 2019 ва 2021 гирифтааст. Рақиби ӯ Криштиану Роналду панҷ бор барандаи ин ҷоиза шудааст.

Инчунин ғолиб дар сабқати занон Айтана Бонмати аз Барселона хоҳад буд. Дар соли 2023 вай беҳтарин футболбози Лигаи чемпионҳо ва Ҷоми ҷаҳон эътироф шуд. Ин аввалин "Тӯби тиллоӣ" дар фаъолияти ӯ  аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД