sebiston july new
Комрон зан гирифту рӯзи ман сиёҳ шуд
1441

Салом! Ман як духтари дар ишқ фиребхӯрда ҳастам ва мехоҳам тақдири талхамро нақл кунам, то ба дигар духтарони тоҷик дарси ибрат гардад.

Комрон ном ҷавонеро самимона дӯст медоштам. Вай бо ширинзабонию хушгуфториаш диламро ба даст оварда ваъда дода буд, ки баъди се моҳ ба хонаамон хостгор мефиристад. Қавлу қасамашро мардона пиндошта, интизор шудам, вале ба ҷойи се моҳ як сол гузашту аз хостгорони ошиқам дарак нашуд. Комрон дигар дар бораи тӯй ҳатто даҳон намекушод.

Рӯзе аз гап гап баромаду истеҳзоомез гуфтам: «Комрон, хостгоронат роҳи хонаи моро гум карданд-чӣ?» Қоҳ- қоҳзанон хандида гуфт: «Маро зан доданд, магар ту хабар надорӣ?». Мадори дасту пойҳоям хушк шуд ва чи тавр аз дастам афтидани телефонро нафаҳмидам. Пас аз ба худ омаданд дубора зангаш задам ва пурсидам, ки зангириаш ҳазл буд ё дар ҳақиқат хонадор шуд. «Модарам акси туро дида маъқул накарданд.

Духтари дугонаашро ба занӣ гирифтам» бепарвоёна гуфт Комрон, гӯё чизе нашуда бошад. Аламам даҳчанд гашт ва номардаш хонда телефонро хомӯш намудам. Мотам доштам се рӯз баъди ин сӯҳбат ва рӯйи касеро дидан намехостам.

Гириста-гириста ба тақдири талхам лаънат мехондам. Дидам, ки дигар аз гиря кардан суд нест, оби чашмонамро пок намуда, қасам хӯрдам, ки дигар ошиқ намешавам. Мехоҳам ишқи бебарорамро фаромӯш кунам, вале дугонаҳои морзабонам ҳар рӯз «Чаро Комрон туро ба занӣ намегирад ва чаро хостгоронаш наомаданд» гуфта, болои захми дилам намак мепошанд. Забонам намегардад, ки бигӯям, Комрон зан дорад. Комрони номард, маро дар назди дӯсту душман шарманда кард! Сархаму забонкӯтоҳам намуд.

Дуо мекунам, ки оҳи дили зорам ӯро гирифта шармандаи олам гардад.

Маҳваши нолон

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД