arzon replenishment
Куҳансолтарин бонуи шаҳри Истаравшан даргузашт
279

 

Хайринисо Қодирова куҳансолтарин бонуи ҳунарманди шаҳри Истаравшан имрӯз дар синни 109 солагӣ аз олам даргузашт.

Даргузашти марҳумро пайвандонаш ба сомонаи "Оила.тҷ" тасдиқ карданд

Хайринисо Қодирова соли 1914 дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд ба дунё омадааст. Мавсуф аз пиллапарварони номии шаҳри Истаравшан буд. Ӯ ҳамроҳи шавҳараш қариб 20 сол бо ин пеша машғул шудааст.

Ҳамзамон ин бонуи ҳунар солҳо бо дӯхтану тайёр кардани тоқии мардона, рӯймол, ҷома, гулдузиву зардӯзӣ, сабадбофӣ, карбосбофӣ ва ҳатто оҳангарӣ машғул шудааст.

Ин бонуи пурҳунару заҳматкаш солҳои зиёд баҳри рушди ҳунарҳои қадимаи миллӣ саҳм гузоштааст. Мавсуф соҳиби 8 фарзанд, 37 набера, 80 абера ва 20 чабера мебошад.

Хайринисо Қодирова зимни як сӯҳбат ба Оила барои тинҷиву оромӣ ва сулҳу суботи меҳан даст ба дуо бардошта гуфта буд.

"Парвардигори меҳрубон, сулҳу субот, тинҷиву оромӣ, озодиву ободӣ, сериву пурии мамлакатамонро ҳамешагӣ гардонад. Ҳар нафаре,ки барои ободии ин меҳан заррае кӯшиш мекунад, аҷру подоши зиёд ато фармояд.

Нигаҳбонони ин миллатро Худо нигаҳдор бошад. Ҳар нафаре ки бадхоҳи ин кишвар аст, хору залил гардонад. Дар ин диёри биҳиштиамон доимо тӯю сур шаваду дар ҳар хонадон хандаи беғаши кӯдакон ва хушнудии ҳамагон абадӣ бошад."

 

Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД