toyota motors
Кумитаи андоз аз хизматрасониҳои нави электронӣ хабар медиҳад
08.04.2026
Oila.tj
95

Бо мақсади тақвият бахшидан ба рақамикунонии соҳаи андоз ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон, инчунин кам кардани таъсири омилҳои инсонӣ ва таъмин намудани баррасии саривақтии муроҷиатҳои андозсупорандагон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми апрели соли 2026 хизматрасониҳои нави электрониро ба истифода дод.

Ин хизматрасониҳо равандҳои андозбандиро сода, шаффоф ва дастрас гардонида, ба шаҳрвандон ва субъектҳои хоҷагидорӣ имконият медиҳанд, ки ба маълумоти зарурӣ зуд ва боэътимод дастрасӣ пайдо кунанд.

Аз ҷумла, баррасӣ ва тасдиқи санади муқоисавии хоҷагиҳои деҳқонӣ ба таври автоматӣ ва бе иштироки кормандони мақомоти андоз анҷом меёбад, ки равандро тезтар ва самараноктар гардонида, хатоҳои инсонӣ ва таъхирҳоро коҳиш медиҳад.

Ҳамзамон, хизматрасонии саволу ҷавоб оид ба муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва уҳдадориҳои андозӣ бо истифода аз зеҳни сунъӣ ва шабонарӯзӣ фаъолият мекунад, ки ба андозсупорандагон имкон медиҳад ба маълумоти дақиқ ва боэътимод дар ҳар вақт дастрасӣ пайдо кунанд.

Бекоркунии воҳиди алоҳидаи шахси ҳуқуқӣ дар шакли электронӣ низ ҷорӣ карда шудааст, ки равандҳои ташкил ва идоракунии воҳиди алоҳидаи субъектҳои хоҷагидориро хеле сода ва шаффоф гардонида, вақти шаҳрвандонро сарфа мекунад.

Хизматрасониҳои мазкур бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои давлатӣ, коҳиш додани таъсири омилҳои инсонӣ, таъмин намудани шаффофият ва самаранокии фаъолияти мақомоти андоз роҳандозӣ шудаанд. Қайд кардан зарур аст, ки татбиқи ҳамаи ин хизматрасониҳо дар семоҳаи якуми соли 2026 пурра ба анҷом расида, ба андозсупорандагон имконият медиҳад, ки онҳоро дар ҳаёти амалӣ ва фаъолияти хоҷагидорӣ истифода намоянд.

Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД