Куштори 2 зани ҷавон ва 1 кӯдаки 6-сола дар Кӯлоб
297

Дар маҳаллаи 8-уми шаҳри Кӯлоб 2 зани ҷавон ва 1 кӯдаки 6-соларо дар манзили истиқоматиашон бераҳмона ба қатл расонидаанд. Ба навиштаи расонаҳо, кушташудагон ҳарду апаву хоҳар будаанд.

Гуфта мешавад, ки Зуҳро Қурбоноваи 28-сола ва Таҳминаи Шоҳмаҳмади 20-сола, ки ҳомила будааст, аз ҷониби шахсони номаълум бо панҷ зарби корд ба ҳалокат расонида шудаанд, вале сабаби куштор маълум нест.

Ин ҳодисаи нохуш шаби 1 ба 2-юми апрел рӯй дода, ҷанозаи ин се нафар имрӯз дар масҷиди ҷомеи Кӯлоб баргузор гаштааст.

Озодӣ дар такя ба як манбааш дар мақомоти интизомии шаҳри Кӯлоб навиштааст, ки писарчаи шашсолаи Таҳмина Абубакр Қурбоновро 2 корд задаанд ва кӯдак дар бемористон ҷон додааст. Падари Зуҳро ва Таҳмина Шомаҳмад Қурбонов зимни суҳбати телефонӣ ба журналистон гуфтааст, ки намедонад чаро ду духтар ва набераашро бераҳмона ба қатл расонидаанд ва хоҳони таҳқиқи мунсифонаи ҳодиса шудааст. Мақомот ба тафтиши ҳодиса шуруъ кардаанд.

Ёдрас мешавем, ки аз оғози соли равон ин сеюмин куштори пурсарусадо дар Кӯлоб мебошад. Шаби 11-уми январ зимни занозании миёни ҷавонон варзишгари 19-солаи точик Муҳаммадалӣ Саъдуллоев ҷон бохт, 8-уми феврал бошад, сокини дигари шаҳри Кӯлоб Қурбоналӣ Маҳмудов аз ҷониби ҳамсояаш кушта шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД