sebiston july new
Лаблабӯ заҳрро аз организм мебарорад ва дилкасалро шифо мебахшад
912

Салом! Ман зани 65- сола ҳастам ва вақтҳои охир дилам иллат пайдо карда, маро кам-кам азият медиҳад. Як хешамон маслиҳат дод, ки бештар лаблабӯ хӯрам. Мегӯяд, ки лаблабӯ ба дилкасал фоида дорад. Мехоҳам донам, ки гуфтаҳои дугонаам то куҷо асос доранд?

Норинисо аз шаҳри Панҷакент

Посух

Дар назари аввал лаблабӯ як чизи назарногир менамояд, вале он ба саломатӣфоидаи зиёде дорад. Лаблабу ва барги он аз витамину моддаҳои минералӣ бой буда масунияти баданро мустаҳкам месозад.

Ин растанӣ сарчашмаи хуби витамини А ва С, мед ва фосфор ба ҳисоб меравад. Витамини А бештар дар баргҳои лаблабу мавҷуд аст, аз ин лиҳоз, аксарияти хӯрокҳои славянӣ дар таркиби худ лаблабу доранд.

Шарбати он воситаи беҳтарин барои берун сохтани заҳрҳои организм мебошад. Бо кӯмаки лаблабу на танҳо рӯдаҳо, балки ҷигару гурдаро низ тоза карда мешавад.

Агар шумо дилкасал бошед, пас бидонед, ки витамини В, ки дар лаблабӯ фаровон аст, дар таркиби хун гемоглобинро зиёд карда, лейкомияро ба анемия мубаддал месозад.

Лаблабу хусусияти ҷавонкунанда дошта, хусусан ба нафароне фоида дорад, ки саросема хӯрок мехӯранд ва дараҷаи 1 ва 3-и фарбеҳӣ доранд.

Лаблабуро ҳам хому ҳам пухта истеъмол намудан мумкин аст. Шарбати лаблабуро бо об ё шарбати дигар омехта карда нӯшидан лозим, то ки ба меъда зарар нарасад. Ба як истакон об ним истакон шарбати лаблабу рехтан кифоя аст. Шарбати лаблабуро бо шарбати сабзӣ омехта намуда, баъдан мувофиқи табъ обро илова созед. Шарбати лаблабуи хом ҳангоми гипертония ниҳоят муфид аст.

Лаблабу хеле дер мепазад, онро шуста ба оби ҷӯшидаистода андохтан лозим. Агар обаш кам шавад, боз оби хунук илова кунед, то ки об лаблабуро пӯшонад. Оби хунук боиси зудтар пухтани лаблабу мегардад. Ҳар қадаре лаблабу калон бошад, онро ҳамон андоза бештар ҷӯшонидан лозим. Лаблабуро реза карда наҷӯшонед, вагарна витамину хусусиятҳои муфидаш гум мешавад. Аслан лаблабуро 40-45 дақиқа меҷӯшонанд.

Дар хотир доред, ки қабл аз истеъмол шарбати лаблабуро ду соат нигоҳ доштан лозим аст, то ки моддаҳои заҳрнокаш нобуд шаванд, дар акси ҳол дилбеҳузурӣ ва дарди сар пайдо мешавад. Хӯрдани лаблабуро як қошуқчагӣ дар як рӯз сар карда, мунтазам зиёд намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД