arzon replenishment
Латифаҳо аз ҳаёти оилавӣ
14.05.2023
ОИЛА
654
no-img


Дар тарабхона пешхизмат аз марде, ки бо занаш омадааст, мепурсад:
-Завҷаи шумо чӣ менӯшад?
-Хуни маро,-ҷавоб медиҳад мард.

****
-Дугона, шунидам, ки аз шавҳарат ҷудо шудаӣ?
-Магар ту бо одаме, ки пайваста пул мепурсаду дар хона ягон корро иҷро намекунад, зиста метавонӣ?
-Не, наметавонам!
-Ана ҳамин хел, шавҳари ман ҳам натавонист.


****
-Ҳамсоя, илтимос, дар назди кӯдаки ман ҳақорат накунед!
-Медонед чӣ, ман он гапҳоеро ба забон оварда истодаам, ки ана ҳамин кӯдаки шумо дар мошини ман бо мех навиштааст.

****
Дар беморхонаи касалиҳои руҳӣ ҳамшираи шафқат аз табиб мепурсад:
-Чаро марди дирӯз ба беморхона оварда танҳо як гапро такрор мекунад: «Исмоили Сомонӣ», «Исмоили Сомонӣ».
Табиб дар ҷавоб:
-Писарчаи чорсолааш дар зодрӯзаш ба ӯ 152 расми Исмоили Сомониро тақдим намудааст.
-Кӯдак ин қадар расми Исмоили Сомониро аз куҷо ёфтааст?
-Аз садсомонаҳои пинҳонкардаи падараш бо қайчӣ бурида гирифта аст.

****
Шавҳари бадрашк баъди аз бозори Корвон ба хона омадан, бо қошу қавоқи овезон аз занаш мепурсад:
-Вай мардаки сиёҳ чӣ ин қадар ба ту нигоҳ дошт?
-Мардак, о вай манекен буд.
-Ҳа, ту номашро ҳам медонӣ-а?!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД