Arzon april 2022
Латифаҳо аз ҳаёти зану шавҳар
960

Сухани қабл аз марг

Марде дар дами марг ба занаш мегӯяд:
-Занак, пеш аз маргам бояд ба ту иқрор шавам…
Зан:
-Лозим нест, мардак, ором шав…
Мард:
-Не, ман бо виҷдони пок мурдан мехоҳам. Ман бо дугонаи беҳтарин ва бо дугонаи дугонаат ба ту хиёнат кардам.
Зан:
-Ҳамаашро медонам, мардак. Барои ҳамин ба ту заҳр додам.
++++

                    Маслиҳати табиб

Марде ба духтур арз мекунад:
- Духтур,ягон маслиҳат диҳед, асабҳоям вайрон,ягон рӯзе нест,ки бо завҷаам ҷанг накунем.
Духтур:- Ҳар рӯз на камтар аз 2-3 км пиёда роҳ равед.Асабҳоятон ором мешавад.
Баъд аз як моҳ мард ба духтур занг мезанад:
- Ташаккури зиёд,духтурҷон,маслиҳататон фоида кард.
Духтур:- Чӣ тавр,яъне дигар ҷанг намекунед?
Мард: - Не,ҷанг он тараф истад,рӯйи якдигарро намебинем. Айни замон ман тахминан 185 км аз хонаам дур шудам.
+++

Ҳамдардӣ

Аз суҳбати ду рафиқ:
-Шунидам, ки занат бо мошини ту ба садама афтидааст. Ҳоло ӯ зинда аст?
Мард:
- Алҳол зинда аст, дар ҳаммом худашро маҳкам кардааст.
+++++++


Ишкамат сер мешавад

Донишҷӯдухтаре ба дугонааш мегӯяд:
-Имрӯз маро ба мулоқоти ошиқона даъват карданд. Ба фикрат, ман равам?
Дугона:
-Рафтан гир, ақаллан шикамат сер мешавад.
++++

                             Кӯдаки хук
Модар кудакашро ҷанг мекунад:
-Чаро сару рӯятро ифлос кардӣ хукбача? Ту медонӣ, ки хукбача чист?
Кӯдак: -Бале, медонам, хукбача кӯдаки хук аст.
++++

                          Хӯрокро аз куҷо ёбам?
Табиб ба бемор:
-Ҳозир ман ба шумо як дору менависам, онро рӯзе 5 маротиба баъди хӯрок истеъмол мекунед.
Бемор: - Ман ин қадар хӯрокро аз куҷо меёбам?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД