1xbet
Лӯлакабоби 65-метра
17.08.2025
Oila.tj
97

Дар шаҳри Новосибирск дарозтарин лӯлакабоб дар таърихи ошпазӣ омода карда шуд, ки дарозияш ба 65 метр расид!

Ин иқдомро гурӯҳи тарабхонаи Гарик Мкртчян бо дастгирии шаҳрдорӣ ба анҷом расонид. Шампури махсуси чоркунҷаи мустаҳкам ва гӯшти дастсоз ин кабобро ба асари санъати кулинарӣ табдил доданд. Рекорд расман аз ҷониби INTERRECORD сабт шуда, маъмурияти тарабхона бо унвони “Бартарии расмӣ” қадрдонӣ гардид.

“Ин рӯйдод нишон дод, ки таъом метавонад ба рамзи миллӣ ва сарчашмаи ифтихор табдил ёбад”,- таъкид кард Владислав Копилов, роҳбари INTERRECORD.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД