Маҳбуба Идиева барои паҳн кардани наворҳои ғайриахлоқӣ боздошт шуд
11.02.2026
Оила
105

Маҳбуба Идиева барои паҳн кардани наворҳои ғайриахлоқӣ боздошт шуд

Солҳои охир нашр ва паҳн намудани наворҳои фаҳшу ғайриахлоқӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле зиёд шудааст, ки ба рӯҳия ва ахлоқу маънавиёти мардум, махсусан наврасон ва ҷавонон таъсири бад мерасонанд. Кормандони милитсия боз як занро барои паҳн намудани чунин наворҳо боздошт намудаанд.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе муайян гардид, ки шаҳрванд Идиева Маҳбуба, соли таваллудаш 2002, сокини шаҳри Душанбе, дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунтазам наворҳои ғайриахлоқиро нашр мекардааст. Номбурда аз ҷониби кормандони милитсия дастгир шуда, нисбаташ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Бо Қарори суди ноҳияи Сино нисбати Идиева Маҳбуба ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 3 шабонарӯз таъин гардидааст.
Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ масъулиятшинос бошанд ва ба риояи меъёрҳои ахлоқӣ ва талаботи қонун эҳтиром гузоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД