sebiston july new
Маҳбубаам моиндарам шуду… Қисми 2
01.02.2023
Дилошӯб
1884

                            Сири падар

Падарам барои илоҷи дарди модари азизам сарашро ба сад дар мезад, ӯро ба Амрикою Олмон барои табобат бурданд, вале умрашро танҳо як сол дароз карда тавонистанду халос. Модари зебоям таги хоки сардро хона карду дили моро хун намуд.

Баъди марги модарам духтарчаам ба дунё омаду ба ӯ номи модарамро мондам Олиямоҳ. Олиямоҳи ман чун себи дукафон ба бибияш монандӣ дошт ва ҳамаамон ӯро очаҷон мегуфтем.

Падарам бисёр шабҳо ба хона намеомад, вале ман аз ӯ чизе намепурсидам, вале баъди додани соли модарам ӯ маро наздаш хонда гуфт:

-Шаҳболҷон, биё чун мард бо мард сӯҳбат мекунем… Ман се сол боз бо зане муносибат дорам, оддитар карда гӯем, ӯ маъшуқаи ман аст. Барояш ҳавлӣ, мошин, мағозаи куртаҳои арӯсӣ ва кошонаи ҳусн харидаам, акнун, ки модарат нест, мехоҳам расман бо ӯ ҳамхона шавам.

Дар дил аз падарам хафа шуда бошам ҳам, ба рӯяш надавидам, зеро ӯ дар ҳаққи модарам ҳеҷ гоҳ ноҳаққӣ накарда буду ӯро ба қавле рӯ-рӯи даст мегардонд.

-Падарҷон ман розӣ, аммо ҳоло тайёр нестам, ки бо ӯ вохӯрам,- гуфтам дар ҷавоб, падарам чизе нагуфт…

Пас аз ин сӯҳбат падарам танҳо ду магазинро ба номи худаш монда, боқимонда тамоми тиҷорат, ҳавлии худамон ва ду квартираро ба номи ман кард ва назди зани наваш рафт. Мо қариб ҳар рӯз вомехӯрдему ба ин ҳам қаноат накарда, падарам зуд-зуд ба хабаргирии набераҳояш меомад, ман ҳатто намедонистам хонаи падарам куҷост.

                          Дидори модарандар

Як субҳи барвақт аз беморхона ба ман занг зада гуфтанд, ки падарат ба садамаи автомобилӣ афтидаасту зуд биё, осемасар ба сӯи беморхона давидам.

Падарам бо пои шикаста рӯи бистар мехобиду болои сараш Зарнигор меистод. Ман аз ин вохӯрии ногаҳонӣ дасту по хӯрдам ва гумон кардам, ки Зарнигор ба ҳайси табиб болои сари падарам истодааст, вале “шинос шав, бачам ин кас ҳамсари ман Зарнигор” гуфтани падарам маро ба худ овард.

Зарнигор сарашро ҷунбонда бо ман салом карду бешармона аз ҷабини падарам бӯсида гуфт:

-Ҷон, ман корҳоямро дида бармегардам.

Бо падарам хеле сӯҳбат карда, берун баромадам, пеши дарвозаи беморхона маро Зарнигор интизор буд, ӯ назадам омада, бо як ҳавобаландӣ сухан сар кард:

-Медонӣ, дили падарат дардманд аст, боз нашаваду дар бораи муносибатҳоямон ба ӯ чизе гӯӣ?!

-Ту садқаи муносибат шавӣ гурусначашм, наход медонистӣ, ки ӯ падари ман аст?

-Як рӯз дар набудани ту ба мағозаатон рафта, бо падарат шинос шудам ва фаҳмидам, ки марди ҳаёти ман ӯст ва хато накардам. Имрӯз бонуи сарватманде ҳастам. Ногуфта намонад, ки мо бо падарат никоҳи давлатӣ дорем ва ба қарибӣ соҳиби фарзанд мешавем, хомуш истӣ, хубтар мешавад, -таҳдид кард Зарнигор.

-Ман туро кайҳо фаромӯш кардаам, аммо метарсам, ки ягон марди пулдортар ёфта, ба сари падарам ҳам об нарезӣ,- гуфтам бо овози баланд ва аз назди ӯ дур шудам…

Падарам кайҳо шифо ёфта, ба хонааш баргаштаасту аз ман изҳори норизоӣ мекунад, ки бо ҳамсараш муносибати хуб надорам, охир ӯ аз куҷо медонад, ки….

                                                   Шаҳбол

                                             Таснифи Дилошӯб

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД