sebiston july new
Мадина Ақназарова аз чӣ норозист?
6193


Мадина Ақназарова, сарояндаи ҷавон ва хушовози тоҷик, ки бештар бо дуэтҳояш дар дохил ва хориҷи кишвар маҳбубият пайдо кардааст, вақтҳои охир андаке камнамост. Сару садоҳо дар бораи он ки гӯё Мадина Тоҷикистонро тарк намуда, ба Маскав кӯчидааст моро маҷбур намуданд, ки дар ҷустуҷӯи ин бонуи ҳунар биафтем. Ҳарчанд бо худи Мадина тамос гирифтан бароямон муяссар нагашта бошад ҳам, тавонистем бо продюссери овозхон ҳамсӯҳбат шавем.

-Салоом Мунирабону! Мегӯянд, ки Мадина Ақназарова ба шаҳри Маскав кӯчидааст. Рост аст?

-Ин танҳо як овоза аст ва шояд сабабаш вақтҳои охир андак камнамо шудани Мадина бошад.

-Мадинабону айни замон бо чӣ кор машғуланд?

-Мадина ҳамин шабу рӯзҳо ончунон серкор аст, ки вақти сархорӣ надорад. Мо аз пайи иҷрои ду лоиҳа ҳастем, ки яке эҷоди як таронаи ҷадид ва дигарӣ сабти клипи нав мебошад. Албатта худатон медонед, ки клип мисли филм бисёр заҳматталаб буда, вақт ва қувваи зиёди эҷодиро талаб менамояд. Мадина таҳсилашро дар магистратураи Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон идома дода истодааст ва ҳамзамон дар ансамбли “Лола” кор мекунад. Таҳсил, кор, фаъолияти эҷодӣ аз ӯҳдаи ҳамаи ин корҳои муҳим баромадан осон нест.

-Бидуни истироҳат кор кардан албатта душвор аст. Мадинабону барои рафъи хастагӣ чӣ кор мекунад?


-Суруд гӯш мекунад. Сарояндаҳо танҳо бо шунидани таронаҳои марғуб хастагии худро раъф месозанд.


-Кадом суруди худаш ба Мадина бештар писанд аст?

-Дуэти Мадина бо шодравон Ҷамшед Исмоилов ба худи Мадина бисёр маъқул аст. Ин сурудро такрор ба такрор гӯш мекунад.

-Мадина бештар аз чӣ изҳори нигаронӣ мекунад?

-Мегӯяд, ки баъди шинохта шудан дигар наметавонам дар миёни мардум озод бошам, зеро маро ҳатто дар вақти хӯрокхӯрӣ акс гирифта дар интернет мепартоянд.


-Аксари сарояндагон ба ғайр аз пешаи худ боз чанд сарчашмаи иловагии даромад доранд. Даромади асосии Мадина аз куҷост?

-Даромади асосии ӯ аз ҷои кораш аст, зеро дар ансамбли “Лола” фаъолияти густурда дорад.

-Аз номи худ ва Мадина ба мухлисонаш чи паёме доред?

-Ба ҳама тансиҳатӣ, бурдборӣ ва муваффақият мехоҳам!

-Ташаккур апаи Мунира барои сӯҳбати гарму самимӣ. Аз номи аҳли “Оила” ба Мадина салом расонед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД