sebiston july new
Мақомоти рус сабаби ихроҷи садҳо муҳоҷирро шарҳ доданд?
847

 Тӯли соли равон дар Русия фишор нисбати муҳоҷирони меҳнатие, ки аз кишварҳои Осиёи Миёна мебошанд, якбора шадид гашт. Махсусан муҳоҷирони меҳнатии тоҷик сари ҳар қадам ба санҷиши сахт рӯ ба рӯ гашта, бо баҳонаҳои гуногун аз ин кишвар ихроҷ карда мешаванд.

Ниҳоят намояндагони мақомотҳои далхдори Русия сабаб ва омилҳои асосии “депортатсия”-и муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро шарҳ доданд. Тавре ки Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Федератсияи Россия иттилоъ додааст, муҳоҷирони меҳнатӣ бояд будубоши худро дар қаламрави Россия қонунӣ гардонанд, вале на ҳамаи муҳоҷирон ин корро карда, ҳуҷҷатҳояшонро ба тартиб медароранд.

Яке аз сабабҳои асосии ихроҷ, яъне “депортатсия”-и муҳоҷирони меҳнатӣ ба гуфти кормандони ин ниҳод, надоштани қайд, яъне “регистрация” дар Федератсияи Россия мебошад.

Сабаби дуюми ихроҷи гурӯҳ-гурӯҳ муҳоҷирони меҳнатиро дар надоштани патент маънидод намудаанд. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар ФедератсияиРоссия бори дигар муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро ҳушдор медиҳад,ки будубоши худро дар қаламрави ин кишвар аз лиҳози қонунӣ ба танзим дароварда, ҳуҷҷатҳояшонро ба тартиб дароранд, зеро дар акси ҳол, муҳоҷиронро ба маблағи 5000 рубли русӣ ҷарима баста, аз қаламрави Федератсияи Россия ихроҷ карда метавонанд.

Ёдрас мешавед, ки ба қонунҳои муҳоҷиратии Федератсияи Россия имсол тағйиротҳои зиёде ворид карда шуданд ва шурӯъ аз соли нави 2024 тамоми муҳоҷирони меҳнатӣ ӯҳдадор мешаванд,ки дар бораи ба кор қабул шуданашон фавран ба шӯъбаҳои минтақавии Вазорати корҳои дохилии Россия маълумотнома пешниҳод намоянд.

Ҳуҷҷати зарурӣ дар интернет-портали расмии маълумоти ҳуқуқӣ ҷойгир карда шудааст. Муҳоҷирон бояд маълумотномаро дар бораи ҷойи корашон дастӣ ё тариқи компютер бо забони русӣ пур карда, ҳамроҳи нусхаи шартномаи меҳнатӣ ба наздиктарин шӯъбаи милитсия супоранд.

Пас аз ин маълумот тариқи портали “Госуслугӣ” ба шӯъбаи минтақавии корҳои дохилӣ фиристода шуда, муҳоҷир зери назорат қарор мегирад. Фармони мазкур аллакай аз 7-уми январи соли 2024 қувваи қонунӣ пайдо мекунад ва шахсоне, ки дар бораи ҷойи корашон маълумотҳои заруриро пешниҳод намекунанд, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД