Ҳукумати Аргентина рӯйхати беш аз 13000 мардонеро, ки аз супурдани алименти фарзандонашон саркашӣ кардаанд, расман ба мақомоти ИМА супурда, хоҳиш кардааст, ки шахсони номашон дар рӯйхати мазкур дарҷгашта ба Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол роҳ дода нашаванд.
Шахсоне, ки аз алимент қарздоранд, наметавонанд дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол иштирок намоянд ё аз тамошои бозиҳои ҷаззоб баҳравар гарданд.
“Онҳое, ки ба чунин масъулияти муҳим, ба мисли дастгирии молиявии фарзандони худ беэътиноӣ мекунанд, бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Падароне, ки маблағи алиментро напардохтаанд, ба варзишгоҳ роҳ дода намешаванд",- гуфтааст шаҳрдори Буэнос-Айрес.
Ин тасмим дар байни мухлисони футбол ҳамаҷониба дастгирӣ ёфтааст.