arzon replenishment
Марги фоҷиавии 2 тоҷик дар лифт
895


Муҳоҷирон аз ошёнаи 13 ба шахта афтиданд
Дар ноҳияи Василеостровский дар маркази шаҳри Санкт-Петербурги Русия ду коргар аз Тоҷикистон дар сохтмони як бино ҷон бохтаанд.

Шоми 13- декабри соли 2022, тақрибан соати 18:00 ба рақами 112 занг зада, дар бора ба шахтаи лифт афтодани ду нафар дар сохтмони як бино дар ин қисмати Петербург хабар додаанд.

Кормандони пулис фавран ба ҷои ҳодиса омада, ҷасадҳои ду шаҳрванди Тоҷикистонро пайдо кардаанд. Якеи онҳо 25 ва дуюмӣ 29 сол доштааст.

Тахмин меравад, ки онҳо аз қабати 13-уми бино ба шахтаи лифт афтода, дар ҷои ҳодиса ҷон додаанд. Касе лаҳзаи афтодани ин ду коргарро надидааст.

Дар он сохтмон видеокамераҳои назоратӣ нест. Қазияро Кумитаи тафтишот таҳқиқ мекунад. Ҳоло масъалаи кушодани парвандаи ҷиноятӣ дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

“Бино ба иттилои хабаргузории маҳаллии “Оперативное прикрытие” (сомонаи “Конкретно.Ру”), ҷавони тоҷики 25-сола ҳанӯз зимистони соли 2020 ба Русия омада, муҳлати сабташ дар идораи муҳоҷират ду ҳафта пеш ба поён расидааст.

Муҳоҷири 29-сола бошад аз поёни соли 2021 омада як сол боз дар Русия қарор доштааст”-менависад Бомдод.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД