formula55
Марги фоҷиавии донишҷӯи ҳиндуи ДДТ дар Данғара
263

Ҷасади як донишҷӯи ҳиндуро, ки бо мақсади таҳсил ба Тоҷикистон омада буд, аз Данғара пайдо карданд.

Ин ҳодисаи нохуш дирӯз, 22-юми май рӯй дода, ҷасади шаҳрванди хориҷиро аз деҳаи Сафобахши Данғара пайдо намудаанд. Маълум шудааст, ки ҷасади дарёфтшуда донишҷӯи 25-солаи ҳинду будааст, ки дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон таҳсил мекардааст.

Донишҷӯи ҳинду дар об ғарқ шуда, ҷасадашро наҷотдиҳандагон пас аз чанд соати сар задани фоҷиа пайдо намудаанд.

Ба иттилоъи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ, як гурӯҳи калони донишҷӯён барои дамгирӣ рафта, ин донишҷӯи хориҷӣ ҳангоми оббозӣ кардан аз беэҳтиётӣ ғарқ шудааст.

Наҷотдиҳандагон сари вақт ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда бошанд ҳам, мутаассифона зинда наҷот додани ҷавон муяссар нагашта, тавонистаанд танҳо ҷасадашро пайдо намуда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супоранд.

Дирӯз дар вилояти Суғд низ чунин ҳодисаи нохуши ғарқшавӣ дар об ба вуқуъ пайваста, сокини 30-солаи шаҳри Бӯстон ҳангоми гидроциклсаворӣ ба обанбори “Баҳри тоҷик” афтодааст.

Корҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд, вале ҷасади ин мард то ҳол пайдо нашудааст.

Мавсими оббозӣ ҳанӯз сар нашудааст, бинобар ин, аз тамоми сокинони кишвар махсусан аз наврасон ва ҷавонон хоҳиш мекунем, ки эҳтиёт бошанд ва ҳаёти худро дар хатар нагузоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД