Commerce bank may-june 2026
Марк Кукуреля ба дастаи “Реал Мадрид” гузашт
17.06.2026
Oila.tj
273

Дастаи “Реал Мадрид” аз ба ҳайати худ ҷалб намудани ҳимоятгари чапи тими миллии Испания ва бошгоҳи “Челси” - Марк Кукуреля расман хабар додааст.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, хадамоти матбуотии ҳар ду бошгоҳ тасдиқ кардаанд, ки футболбози 27-сола бо “Реал” шартномаи дарозмуддат ба имзо расонида, то тобистони соли 2032 дар ҳайати бошгоҳи «шоҳонаҳо» ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Шартномаи нави ӯ барои муҳлати шаш сол ба тасвиб расидааст.

Кукуреля хатмкардаи академияи тими “Барселона” буда, фаъолияти касбии худро аз ҳамин ҷо оғоз кардааст. Ӯ аз соли 2022 то соли 2026 дар ҳайати “Челси” бозӣ намуда, яке аз ҳимоятгарони асосии бошгоҳи шаҳри Лондон ба ҳисоб мерафт.

Тибқи маълумоти расонаҳои аврупоӣ, арзиши ин трансфер тақрибан 60 миллион евро арзёбӣ мешавад, ҳарчанд маблағи расмии гузариш аз ҷониби бошгоҳҳо эълон нашудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД