sebiston july new
Маро бубахш, занакҷон! Қисми 1
06.05.2022
ОИЛА
2558

       Салом ба аҳли қалам ва кормандони ҳафтавори дӯстдоштаам «Оила». Ман хонандаи ҳамешагии шумо ҳастам, аммо ҳеҷ гумон надоштам, ки замоне мерасаду ман ба унвонии шумо нома менависам. Аммо…

Гуноҳе аз ман гузашт ва шояд он ба хонавайронӣ барад, аз ин рӯ мехоҳам аз муштариёни «Оила» маслиҳат пурсам. Шояд ин ҳолат ба онҳо ошносту ба ман маслиҳат медиҳанд.

Зани муаллим намешавам!

 

Дар оила як писар ҳастам ва чор апа дорам, падарам муаллим, модарам хонашин мебошанд. Азбаски дар деҳа зиндагӣ мекунем, аслан аз ҳисоби боғдорӣ рӯзамонро мегузаронем. Апаҳоям як-як шавҳар карда, пайи бахти худашон шуданд, ман дар курси аввали Донишгоҳи омӯзгорӣ мехондам, ки падару модарам аз пайи ҷуфт кардани сари ман шуданд. Як духтараки ҳамсинфамро дӯст медоштам, ӯ ишқамро қабул надошта бошад ҳам, бо шӯхӣ мегуфт, ки дӯст дорӣ, хостгоронатро фирист. Аз суханҳояш маълум буд, ки дилаш ба ман мекашад, духтари қоматбаланду хушсухану зебое буд ва баъди хатми мактаб хонаашон хостгорборон шуд. Байни шаш писар духтари ягона ва фарзанди кенҷагии оилаашон, ки буд, ҳаққи ихтиёрро дар дасти худаш монда буданд. Ман медонистам, ки ӯ хостгорони маро нигоҳ дорад, зеро ман ба ӯ як ваъдаи дигар низ дода будам. Сарвиноз хеле аълохон буду фанҳои дақиқро бисёр хуб медонист, мехост муаллима шавад. Падару акаҳояш бошанд, ҳама гапашро мегирифтану зидди хонданаш буданд, чунки духтари амакаш ба хондан рафта, он ҷо як ҳамсабақи хуҷандияшро дӯст дошту бе ризоияти волидонаш ҳамроҳи ӯ ба Хуҷанд рафт. Баъди ҳамин саркашии як намояндаи ин авлод дигар ягон духтарашонро хондан намемонданд. Падару модарам маро напурсида, ба хонаи раиси ҷамоатамон, ки ҳамсинфи падарам буд, хостгорӣ рафтанд. Раис ризо шуд, сафедӣ гирифтанд, аммо духтури эркаи ӯ ман зани муаллим намешавам гӯён, чунон ҷангу ҷанҷоле бардоштааст, ки…

Чун ба деҳа омадаму аз ин воқеа огаҳ шудам, бо волидонам моҷаро кардам. Гуфтам, ки чаро як бор дили маро намепурсед?! Модарам “ман почакандаҳои беэзори шаҳриро келин намегирам” гуфт, аммо дер шуда буд. Сарвиноз хостгории як хеши дурашонро, ки дар маркази вилоят зиндагӣ мекарданд, пазируфтааст. Як бало карда, ӯро дидаму гуфтам, ки волидонам бо ман маслиҳат нокарда хостгорӣ рафтанд, аммо ӯ гапамро гӯш ҳам накарду бо хандаи талх гуфт:

-Духтари раис шармандаат кард?! Ӯ бо як ҷавоне муносибат дорад, ки оянда ҳуқуқшинос мешавад, туро дар сараш мезанад.

Зораҳоям ба дили Сарвиноз кора намекард, “ман як бор зориҳои туро гӯш карда, ҳатто бовар карда будам” гуфту рафт…

 Таслим ба тақдир

Ду-се моҳ бо падару модарам қаҳр кардаму боз дигар зиндагӣ дар маҷрои худ идома дошт. Онҳо хостанд арӯси хушкардаашонро бинам, аммо ман гуфтам, ки барои ман дигар фарқ надорад, касе бошад мешавад. Духтарак аз ҳамсоядеҳа буду падараш корманди милиса, ростӣ дигар бароям фарқе надошт. Пас аз гузаронидани маъракаҳои пеш аз тӯй тӯйи мо баргузор гашт ва зиндагии мо муқаррарӣ оғоз ёфт. Зулфия духтараки фарбеҳаки сабзина ва хеле тозаю озода буд. Ман ҳам ба шуъбаи ғоибона гузашта, ҳамроҳи падарам дар мактаби деҳа ба кор оғоз намудам.

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД