Дастаи то 17-солаи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 ду бозии санҷишӣ бо ҳамтоёни худ аз Амороти Муттаҳидаи Араб анҷом дод.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, машқҳои дастаи мо дар Дубай баргузор шуданд. Бозии аввали санҷишӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 ба анҷом расида, дар рақобати дуюм дастаи Амороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 2-юми май дастаи то 17-солаи Тоҷикистон барои иштирок дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 ба Ҷидда парвоз кард. Дар марҳилаи гурӯҳӣ наврасони тоҷик бо тимҳои Тайланд (5-уми май), Мянмар (9-уми май) ва Арабистони Саудӣ (12-уми май) нерӯ месанҷанд.