Gazprom july 2025
Мастчоҳ: беш аз 50 хонавода бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
139

Бо ташаббуси сокинони маҳаллаи Деҳқонободи шаҳраки Бӯстони ноҳия кофтани чоҳи амудӣ барои таъмини мунтазам бо оби нӯшокӣ оғоз ёфт. Бо анҷоми он зиёда аз 50 хонаводаи кӯчаи Умари Хайёми маҳаллаи Деҳқонобод ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-и шаҳраки Бӯстон бо оби тоза таъмин карда мешаванд.

Сокинони ин маҳалла солҳои охир аз норасоии оби нӯшокӣ танқисӣ мекашиданд. Аҳолии ин маҳал давоми як шабонарӯз ҳамагӣ 2-4 соат ба об дастрасӣ доштанду халос. Сабаби асосии норасоии об дар фасли тобистон кам шудани миқдори об ва маҳдуд будани иқтидори шабакаи обтаъминкунӣ дар маҳалла мебошад, ки боиси танқисии ҷиддии оби нӯшокӣ барои сокинон гардидааст.

Бо дарки зарурати ҳалли мушкилӣ аҳолӣ сарҷамъона маблағ ҷамъ оварда, иқдоми некро амалӣ намуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД