goodwell
Мехоҳед ба Баҳрайн ба муҳоҷирати меҳнатӣ равед?
01.07.2026
Oila.tj
70

Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон шахсонеро, ки ба кишварҳои хориҷӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан мехоҳанд, ба мусоҳибаи корӣ барои кор дар Баҳрайн даъват менамояд.

Рӯзи 7-уми июл намояндагони ширкати бонуфузи холдингии «Sevens Holding W.L.L» ва меҳмонхонаи панҷситорадори «Royal Saray Resort»-и давлати Баҳрайн бо сафари корӣ ба пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе ташриф оварда, барои кор дар ширкатҳои худ аз Тоҷикистон муҳоҷирони меҳнатиро интихоб менамоянд.

Мусоҳибаи рӯ ба рӯ бо корфармоён рӯзи 7-уми июл дар бинои Марказии Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа, ки дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ 80, наздикии “Пивзавод” воқеъ гаштааст, соати 10:00 оғоз меёбад.

Мусоҳиба бо корфармо танҳо ба забони англисӣ сурат мегирад.

​ВАКАНСИЯҲО ВА МАОШИ ПЕШНИҲОДШУДА:

​- Пешхизматҳо - 10 нафар (маош: 200 - 250 BHD / тақрибан $530 - $663);

​- Хостес (Hostess) - 5 нафар (маош: 250 - 300 BHD / тақрибан $663 - $795);

- ​Корманди тозакорӣ - 6 нафар (Маош: 180 - 220 BHD / тақрибан $477 - $583);

​- Агенти қабули меҳмонон - 4 нафар (Маош: 300 - 350 BHD / тақрибан $795 - $928);

​- Bars - 2 нафар (Маош: 300 - 350 BHD / тақрибан $795 - $928).

​ТАЛАБОТИ АСОСӢ БАРОИ ДОВТАЛАБОН:

​- Донистани забони англисӣ дар сатҳи муошират.

​- Таҷрибаи корӣ дар соҳаи хизматрасонӣ.

- Намуди зоҳирии расмӣ ва одоби муоширати хуб.

​ШАРОИТҲОИ КОР

​- Муҳоҷирон бо ҷойи зисти роҳат, нақлиёт ва суғуртаи тиббӣ таъмин карда мешаванд.

- Билети ҳавопаймо ва танзими визаи корӣ аз ҳисоби корфармост.

- Ба муҳоҷирони меҳнатӣ хӯроки ройгон дода мешавад.

Реҷаи кор: 8 соат дар як рӯз, 6 рӯзи корӣ дар ҳафта.

​Барои иштирок дар мусоҳибаи корӣ шумо бояд:

- Тарҷумаи ҳоли худ (CV)-ро ба забони англисӣ тавассути паёмрасони WhatsApp ба рақамҳои Агентӣ фиристед.

​- Распечаткаи CV: Номзадҳои интихобшуда бояд ҳангоми омадан ба мусоҳибаи рӯ ба рӯ нусхаи чопшудаи (распечатка) резюмеи худро ба забони англисӣ бо худ дошта бошанд.

​Телефонҳо барои тамос:

​Маркази асосии Агентӣ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ 80.

📞 Тел: 221-39-67, 221-39-83

​Рақамҳои WhatsApp: +992 55 555 1080 | +992 987 906 666 | +992 91 576 7743 | +992 930 934 994

​Вилояти Суғд: +992 92 777 0909

​Вилояти Хатлон: +992 905 800 063, +93 487 8828

​ВМКБ: +992 935 101 439

​Тамоми хизматрасониҳои машваратӣ дар Агентӣ ройгон мебошанд. Имконияти беназири кор дар яке аз холдингҳои бузурги Баҳрайнро аз даст надиҳед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД