Arzon march 2024
МЕТАРСАМ, КИ ЗАНИ ХУСУРАМ НАШАВАМ БОЗ
40211

Ман, шавҳарам ва фарзандонам 12 сол мешавад, ки дар шаҳри Бохтар (собиқ Қурғонтеппа) иҷоранишинем. Зиндагиамон хуб аст. Оилаи хушбахтем, аммо аз сабаби пул наёфтани шавҳарам зуд - зуд хонаи нав мекофтем.

Шавҳарам усто аст. Даруни хонаҳоро таъмир мекунад. Падаршӯям дар шаҳри Кӯлоб, дар хонаи худаш, бо зани 3 - юмаш зиндагӣ дорад. Хусурам бо вуҷуди 70 - сола будан зани аз худаш хеле ҷавонтар гирифт. Онҳо давоми 1 соли зиндагии якҷоя фарзанддор шуданд.

Як рӯз шавҳарам дар хона бекор нишаста буд, ки занги телефонаш баланд шуд. Фикр кардем, ки касе барои кор зангаш мезанад. Шавҳарам телефонро бардошта, бо касе дурудароз сӯҳбат кард. Баъди телефонро хомӯш карданаш, ан гуфт, ки мусоҳибаш хусурам будааст. Ӯ зани ҷавонашро талоқ дода, акнун аз шавҳари ман хост, ки ба хонааш баргардем.

Хонаи хусури ман 2 ҳуҷрагӣ аст ва хусурам як ҳуҷраи онро ба мо додан хост. Мо метавонистем дар 1 хуҷрааш бемалол зиндагӣ кунем. Хусурам мехост, ки писараш дар дами пирӣ қуввати дилаш шавад.

Мо аз шунавидани ин хушхабар хурсанд шудем, зеро акнун дар ба дари мардум гашта, иҷорапулӣ намедиҳем. Шавҳарам гуфт, ки "пагоҳ меревем". Ман аз пайи ҷамъ кардани либосҳоямон шудам. Ҳамин тавр, саҳарии барвақт роҳ гирифтем ба деҳа ба назди хусурам.

Вақте ба хонаашон даромадем, ӯ он ҳуҷраеро, ки мо бояд он ҷо зиндагӣ мекардем, ба мо нишон дода, гуфт:

- Шумо ана дар ҳамин ҷо зиндагӣ мекунед. Ман дар ҳуҷраи дигар меистам.

Шавҳарам фикр мекард, ки шаҳри Кӯлоб барои ӯ бегона асту ӯ дар ин ҷо кор намеёбад. Хушбахтона, баъд аз 1 ҳафта як ҷӯрааш аз шаҳри Бохтар зада гуфт: "Худи пагоҳ биё, кор ёфтам. Фикр мекунам, ки як моҳ давом мекунад".

Шавҳарам аз падараш дуо гирифту ба роҳ баромад. Ҳангоми хайру хуш карданаш ба ман таъкид карда, гуфт, ки “падарамро хуб нигоҳ куну ҳурматашро ба ҷо биёр” ва худаш рафт.
Ба хусурам ҳар чизе, ки даркор шавад, келин гуфта ҷеғ мезад.

Баъд аз 2 рӯзи рафтани шавҳарам як рӯз дарро ақаллан тақ – тақ нокарда даромаду “оби таҳорат тайёр кун" гуфт. “Хуб шудаст”, - гуфта аз ҷоям хестам.

Ҳаво хеле гарм буд. Зуд оби таҳораташро тайёр карда, додам. Барои дарро тақ – тақ накарданаш чашм пӯшидам, аммо пагоҳи он рӯз дидам, ки таги майка дар ҳавлӣ гашта истода буд. Аз шарм зуд ба хона даромада, дигар набаромадам, то даме, ки ӯ ба хона даромада куртаашро пӯшид.

Ҳамин аҳвол боз пагоҳаш ҳам такрор шуд. Дигар тоқат карда натавонистаму ба шавҳарам занг зада гуфтам, ки "падарат дар ҳавлӣ мегардад таги майка карда мегардад, ман аз шарм ба ҳавлӣ баромада наметавонам". Шавҳарам бошад, “ҳеҷ гап не, ҳаво гарм аст”, - гуфт.

Акнун хусурам ҳатто ҳамон майкаашро ҳам дигар намепӯшид ва ҳар чизе, ки даркораш шавад ба хона зада медаромаду нопурсида мегирифт. Ман аз шарм ҳатто рӯяшро нигоҳ карда наметавонистам. Ҳарчанд мепурсидам, ки “тағо чӣ даркор?” чизе намегуфт.

Метарсидам, ки боз дар сараш ягон фикр бад набошад. Ба шавҳарам занг зада, гиристам. Гуфтам, ки “падарат акнун бе майка ба хона медарояд, чӣ кор кунам?” Вале ӯ ба ман бовар накард. Баъд бо духтарам гап зад. Духтарам ҳамаи ҳодисаҳои дар рӯи ҳавлӣ рухдиҳандаро як ба як ба падараш нақл кард.

Шавҳарам дигар чизе нагуфт телефонро кушт. Худи ҳамон бегоҳ ӯ ба хона баргашт. Вақте омад бо падараш сахт ҷанг карду моро гирифта боз ба иҷораи нав бурд. Ин иҷорахона ҳам дар шаҳри Бохтар буд. Худоро шукр мегӯям, ки маро шавҳарам ба ман бовар кард, в-агарна шояд 4 фарзандам бе падар мемонд. Чунки хусурам то имрӯз 3 зан гирифта буду ҳанӯз ҳам зани ҷавон мехост. Аз рафторҳои ӯ то ҳол сахт метарсам.

Назокат
ш. Кӯлоб

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД