Oila Navruz
Мино бачаи ҳаромӣ зоиду...
3827

Мино дар оилаи серфарзанди Алии ҷангалбон фарзанди даҳум ва кенҷадухтари нозпарвард буд. Азбаски ноҳияи онҳо пистазорҳои беканор дошт, ҷангалбон ин ҷо мавқеи хос дошт ва Алӣ оилаи калонашро ба таври бояду шояд таъмин мекард.

Шаш писар ҳамин, ки худро шинохтанд ба кӯҳу дара ба ёрии падар мешитофтанд, духтарон бошанд дар хона аз модар сабақи рӯзгордорӣ меомӯхтанд. Дар ин байн танҳо Мино ба хондан ҳаваси зиёд дошту падараш низ ҳама аҳли оиларо таъкид мекард, ки ба эркадухтараш кордор нашаванд ӯро мехононад. Аз баски Мино пусти сиёҳ дошт, ӯро дар ғайбаш худию бегона Минои сиёҳ мегуфтанд. Вале сиёҳак қад кашида нозанине шуд, ки ҳама бо ҳавас ба вай нигоҳ мекарданд, чашмони ҷоду, абрувони сиёҳи баланд, биничаи нозуку лабони чун ғунча серобаш бо пӯсти сабзинаи мисрангаш чунон зебанда буданд, ки аз диданаш чашм сер намешуд. Мино баъди хатми мактаб ҳуҷҷатҳояшро ба шуъбаи ғоибонаи донишгоҳи омӯзгорӣ супорида дар мактаби деҳаашон муаллимаи синфҳои ибтидоӣ шуда ба кор даромад. Дар ин муддат ҳама бародарону апаҳояш як як оила барпо карда ба ҳар тараф парешон шуданд, Мино дар ҳавлии калони бошукӯҳи падар, ҳамроҳи волидайн ва аҳли оилаи акаи калонияш, худаш шоҳу таъбаш вазир, дар дунёи равшану рангини навҷавонӣ умр ба сар мебурд. Харидоронаш аз мӯи сараш зиёд бошанд, ҳам ӯ ба касе ним нигоҳ намекард, мақсадаш диплом гирифтану баъд шавҳар кардан буд, аммо…

  Салом ай ишқ!

Як соли хониш бо ҳама пасту баландиҳояш паси сар шуду хонандагон ба таътил баромаданд, Мино низ ба дарс ба пойтахт омад. Дарсҳо, санҷишу имтиҳонҳо, шухӣ бо ҳамсабақону инҷиқиҳои устодони сахтгир дар як мижа задан паси сар шуданду Мино боз ба деҳа баргашт. Якуми август ӯ чун дигар омӯзгорон роҳ пеш гирифт сӯи дабистон ва дар саҳни мактаб чашмонаш ба чашмони хуммори ҷавони қоматбаланди зебое афтиданд, дили саркаши духтар шуввӣ кард… Дар саҳни мактаб касе наменамуд, Мино салом дода гузаштанӣ буд, ки ҷавон гуфт:

-Тавба шумо аз кинофилмҳои ҳиндӣ ба ин ҷо афтидаед?

Минои табиатан зарофатгӯро ин лутфи ҷавон хуш омаду посух дод:

-Ҳа, барои филми нав партнёр даркор, кофтанӣ омадам….

Ҳамин тавр онҳо бо ҳам шинос шуданд. Ҷавон Мирзо ном дошта муаллими тарбияи ҷисмонӣ будааст. Мино бо як нигоҳ ошиқи шайдои ҷавон гашта буду акнун ҳар субҳ ба хотири ӯ оростаю пероста шуда ба мактаб мерафт, оқибат Мирзо низ пеши ҳусни гулӯсӯзи Мино оҷиз монда ошиқ шуданашро иброз дошт. Муносибатҳои ду ҷавон он қадар ошиқона буданд, ки ҳама бо онҳо бо ҳаваси ошкоро менигаристанд. Дар деҳа ишқи сиёҳчардаи шаҳрошуб ва муаллими варзиш овоза шуд, аммо ошиқонро парвои гапу калочаи мардум набуд. Вақти холӣ, ки ёфтан ба оғӯши ҳам медавиданд, ҳама гумон доштанд, ки ин ду ошиқи содиқ зану шавҳар мешаванд.

Бевафо ёрам…

Аммо ғайричашмдошти ҳама муаллими варзиш бо духтархолааш издивоҷ кард, зеро волидонаш қатъиян зидди ошиқиҳои ӯ бо Мино буданд. Ин бевафоии ёраш дили Миноро хун кард ва барқасди Мирзо ба писари рафиқи падараш Раҳим, ки муддатҳои зиёд аз пасаш кашола шуда мегашт, аҳди муҳаббат баст. Раҳим баъди мулоқоти аввал хостгор фиристод ва Миноро тӯй карда ба хонаашон бурд. Мино бо ёрии падараш зуд қитъаи замине гирифта ҳавличаи озодае сохта рӯзгорашро аз хусуру хушдоманаш ҷудо кард, ӯ дар мактаб муаллима буду Раҳим бошад, дар ферма духтури ҳайвонот шуда кор мекард. Ҳарчанд зиндагии орому осуда, шавҳари меҳрубони мулоимтабиат дошта бошад ҳам, Мино Раҳимро дӯст намедошт. Шояд ҳамин бедилиҳояш буд, ки аз тӯяшон ду сол гузашта бошад ҳам онҳо фарзанддор намешуданд. Зан аз дӯстдориҳои шавҳараш истифода бурда, хешони ӯро тамоман писанд намекард, хусуру хушдоманаш пайи ҳам аз дунё гузаштанд, вале аз келинашон ризо набуданд.

Бадроҳа

Як рӯзи навбаҳор Мино бо кори шахсие ба маркази ноҳия рафту дар бозгашт мошини сабукрави шинос назадаш қарор гирифт. Мирзо, ки дар сари чанбарак менишаст, чашмони хумморашро ба Мино дӯхта таклифи нишастан кард:

-Шинед муаллима, бурда мемонам.

Ҷавонзан чизе нагуфта дари қафои мошинро кушода нишаст. Мирзо низ чизе нагуфта мошинро сӯи кӯҳу пуштаҳои сарсабз, ки аз сурхии лолаарӯсакҳо пойандози махмалинро мемонданд ронда рафт. Мино хомӯш буд…

Аз ҳамо рӯз боз сар шуд муносибатҳои ошиқонаи Мирзо ва Мино. Оғӯши гарми ҷавонмард занро аз нав ба зиндагӣ дилгарм кард. Дигар ба назари ӯ на шавҳари беозораш метофту на обурӯи падару бародаронаш. Дар русто пинҳон доштани коре амри маҳол аст ва оҳиста-оҳиста қиссаи тардомании зани Раҳим дар деҳа овоза шуд, танҳо худи Раҳим инро намедонист. Ҷавонмард мисли пешина ба занаш меҳрубон буд, ба нооромии вазъият ва аланга задани оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар нигоҳ накарда, шабу рӯз кор мекард, чорво мепоид, то барои ҳамсараш тамоми шароитро фароҳам орад. Азбаски ҷавонмарди хубе буд, касе ба ӯ кор надошт, ҳарчанд ҷанг идома дошту фермаҳо барҳам хурда буданд, ӯ ҳамроҳи як дӯсташ гов харида мепоиданду баъд онро ба қассобон мефурухтанд.

 


 

Падарам ақаллан то сари соли модарам тоқат накарда, баъди ду моҳ зани дигар гирифт.

 


 

Шод бояд зистан..

Мино дар ҷисми худ тағироте эҳсос карда ба назди духтур рафт ва шоду масрур ба хона баргашт, ӯ ҳомиладор шуда буд ва медонист, ки падари тифлакаш Мирзо аст. Оташи ҷанг каме хомӯш шуда бошад ҳам дар мамлакат қашоқию гуруснагӣ дар авҷ буд, вале дили Мино аз хурсандӣ мерақсид…

Пас аз гузаштани муҳлати ҳамл Мино писарчаи зебое тавлид карда сари Раҳимро ба осмон расонид. Ҷавонзан барои баровардани чиллааш ба хонаи модараш рафт ва наметавонист тифлакашро монда ба дидори Мирзо равад. Ин дуриҳо ҷавонмардро девона мекард.

Пас аз якмоҳа шудани писарчааш Мино ба хонааш рафт ва Мирзо тоқат накарда бо баҳонаи харидани гов Раҳимро суроғ омад. Мино дарро кушода Мирзоро дар рӯ ба рӯяш диду худро гум кард, вале мард набудани Раҳимро фаҳмида Миноро, ки пас аз тавлиди фарзанд каме фарбеҳ шуда, дилработар гашта буд ба оғӯш гирифт…

Дар айни бӯсу канор шавҳари Мино аз дарвоза даромад ва зани дӯстдоштаашро дар оғӯши марди бегона дида дӯд аз димоғаш баромад. Вай аз гиребони Мирзо гирифта, ошиқи занашро дар як дам зери по кард. Раҳим девонавор ба сару рӯйи Мирзо мушту лагад зада, дод мегуфт:

-Пирхари ҳаром, чӣ хел ту ҷуръат кардӣ, ки дар рӯзи равшан ба хонаи ман даромада, бо занам айшу ишрат кунӣ...

-Эй чи ин қадар дод мегӯӣ, то саги мода дум наликонад, нарсаг аз пасаш намеояд,-дар ҳоле, ки аз даҳону биниаш хун мешорид, фишшос зад Мирзо.

-Падарлаънат бо ин гапат чӣ гуфтан мехоҳӣ?!-Баландтар фиғон кашид Раҳим.

-Дагар, хаёл мекунӣ, ки хурсандӣ, ки занат бача кардааст. Аблаҳ, агар аз ту безурриёт фарзанд мешуд, дар ин қадар сол мешуд. Бачаи Мино аз ман аст,-сари ҷаҳлу алам тамоми сирру асрори дар байашон бударо фош кард Мирзо.

Ин гапро шунида латтаи Раҳим ба об афтид ва беҳлона сарашро дошта дар замин нишаст. Вай дигар ҳатто маҷоли аз ҷояш ҷунбидан надошт.

Ҳамин тавр Минои беандеша бо дасти худаш оилаи ободашро вайрон кард. Шавҳараш ӯро се талоқ кард ва чизу чораашро аз дарвоза берун партофта, таҳдид намуд, ки сағераи ҳаромиашро гирифта, аз хона дафъ шавад, вагарна ӯр зинда намемонад.

Мино умед дошт, ки Мирзо ӯро зани дуюм карда мегирад, аммо ошиқаш низ номардӣ карда, ӯро дар нимароҳи зиндагӣ танҳою зор монда рафт. Бо чунин шармандагӣ дар деҳа дигар зиндагӣ карда натавониста, Минои сиёҳ бачаи ҳаромиашро гирифта ба шаҳр омад. Акнун ӯ дар яке аз ошхонаҳои маҳаллаи Саховат ба сифати пешхизмат кор мекунад ва рӯзашро дар шаҳри калон ба сахтӣ пеш бурда, аз корҳои кардааш афсӯс мехӯрад, аммо худкардаро даво нест, вовайлои пинҳонӣ...

Зебунисо

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД