sebiston july new
Мино бачаи дарвозиро "кидат" карда, шӯйи данғарагӣ кард (ВИДЕО)
6359

 

Мино 30-июни соли 1997 дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Падараш шодравон Баҳрулло Саидӣ рӯзноманигор, модараш Оламоро муаллима аст.

Мино аз 7-солагӣ дар мактаби мусиқии ба номи Малика Собирова таҳсил намуда, минбаъд дар ансамбли «Падида» нозукиҳои рақсро омӯхтааст, вале баъдан рӯ ба возхонӣ оварда, дар ин ҷода муваффақ гашт.

-Мино, саволҳои бешумори мухлисонатон моро водор намуданд, ки Миноро ҷустуҷӯ намоем. Росташро гӯй, ту ҳам мисли дигар ҳамкасбонат сирру асрори зиндагиатро пинҳон дошта, аз худат фаришта месозӣ ё...?

-Ман сирру асрори пинҳон мекардагӣ надорам. Ҳар чи ҳаст, ошкоро мегӯям.

-Аниқ?

-Бале, аниқ!

-Ин тавр бошад, мегузарем ба саволҳои ба қавле сермурчу сернамак! Сароғоз бигӯ, ки чаро вақти суруд хондан ягон лаҳза дар саҳна қарор намеистӣ? Бо рақсҳои ҷаззобат дили мухлисон, хоса мардҳоро обу адо кардан мехоҳӣ ё ин стили хоси Мино аст?

-Ин стили хосаи ман аст. Сароянда бо ҳаракатҳояш агар диқкати тамошобинонро ба худ ҷалб карда натавонад, ҳеҷ гоҳ шӯҳрат намеёбад. Рақс, махсусан рақсҳое, ки ман мекунам, мисли оҳанрабо одамонро ба худ моил намуда, маҷбур мекунад, ки то охир суруд ё клипро тамошо кунанд. Гумон мекунам, ки Мино ҳамеша бо ҳамин ҳаракатҳояш аз дигар овозхонҳо фарқ карда меистад.

-Бисёриҳо танқид мекунанд, ки Мино сурудҳои лаҳҷавӣ мехонад. Ин эродҳоро шунида намеранҷӣ?

-Чаро ранҷам? Сароянда бояд тамоми дархост, танқид ва эроди мардумро қабул кунад ва агар дар ҳақиқат дар ҷое камбудӣ карда бошад, хатояшро ислоҳ намояд. Танқид баръакс дар баъзе ҳолатҳо боиси пешравии кори мо, сарояндаҳо мегардад.

-Мегӯянд, ки баъди суруди «Кабки Данғара» мардҳои сарватманди данғарагӣ Миноро сахт дӯст доштаанд ва аз ҳамон вақт инҷониб тамоми сурудҳояшро спонсорӣ мекунанд?

-Ростӣ вақте бори аввал матни суруди “Кабки масти данғара”-ро ба ман пешниҳод карданд, тамоман хушам наомад, чунки ба суруди «Бачаи Данғара»-и Зулайхо Маҳмадшоева монандӣ дошт. Намехостам мардум гӯянд, ки Мино суруди Зулайхоро дуздида хондааст, бинобар ин, аз шоир хоҳиш кардам, ки суханҳояшро комилан дигар кунад. Ҳамин тавр суруд тамоман шакли навро гирифт ва ба зудӣ дар дили мардум маъво гирифт. Мақсади ман спонсор ёфтан набуд. Модарам ба мардуми дарғара эътиқоди хоса доранд, танҳо ба хотири модарам ман ин сурудро хондам. Дар мавриди спонсор бошад, на ягон марди данғарагӣ Миноро то имрӯз сарпарастӣ мекунаду на дарвозию ванҷӣ. Спонсори ман аз аввал модарҷонам буданду ҳастанд. Ҳарчи мекунам, бо дастгирӣ ва мадади модарам мекунам.

-Магар модари Мино бизнесмени калон аст?

-Не, модарам муаллимаанд. Дар хона шогирдони зиёдеро тарбия мекунанд. Майли забономузӣ дошта бошед, марҳамат биёед!

-Овозае ҳаст, ки гўё Мино ба хотири аз мӯд набаромадан худро аз синну солаш ҷавонтар эълон кардааст?

-(Механдад). Наход, ки ин қадар пир намоям-а?! Шиносномаамро аз назар гузаронед, агар бовар надошта бошед, ки нав 22- сола шудам.

-Замоне шумо дар ансамбли Падида мерақсидед. Ҳоло ҳам рақс мекунед ё ман ситораи эстрада гуфта, дигар назаратон раққосаҳоро намегирад?

-Рақс то ҳол ба ман он қадар шодию нишоте мебахшад, ки аз суруд онро гирифта наметавонам. Ҳангоми рақсидан бо Падида дар назарам замину замон гирд мегашт ва худро дар олами тамоман дигар ҳис мекардам, аммо модарам хостанд, ки овозхон шавам. Ба хотири модарҷонам рӯ ба сарояндагӣ оварда бошам ҳам, то ҳол дар симои Шарофат Рашидова як модари ғамхор ва санъаткори барҷастаро мебинам. Бовар кунед, ҳатто баъди аз ансамбл рафтанам ҳам, аксар вақт аз модарам пинҳонӣ гурехта ба Падида мерафтам ва ҳамроҳи духтаҳо рақс мекардам. (Механдад)

-Шунида будам, ки Мино шабҳо дар тарабхонаҳои машҳур суруд мехонад. Аз ин ҳисоб чи қадар даромад мегиред?

-Ин гап дурӯғ аст. Ман бо ягон тарабхона шартнома надорам. Шабҳо умуман ба ягон ҷо намеравам. Ба тарабхона рафтан он тараф истад, бародарам Алишер иҷозат намедиҳад, ки шаб аз хона берун бароям.

-Миноҷон, акнун меоем сари саволи аз ҳама муҳим. Мегӯянд, ки Мино шавҳари данғарагӣ кардааст...

-Наход ман шавҳар кунаму ба мухлисонам хабар надиҳам?! Оиладор шавам, як моҳ пеш ҳамаро ба тӯям хабар мекунам.


Бемориҳои аз сар гузаронида, масалан зуком метавонад боиси рехтани мӯйи сар гардад, хусусан агар шумо таби баланд карда дорувориҳои антибиотикӣ хӯрда бошед.


 

-Аксари занҳои сароянда пинҳонӣ шавҳар мекунанд, барои ҳамин фикр кардем, ки шояд шумо ҳам...

-Зани дуюми ягон бойбобо шудаам?! Не, Мино аз он тоифа нест. Ман шавҳар кунам, ошкоро мекунам ва чунон тӯйи зебое меороям, ки таърифаш аз забони мардум як соли дароз намеравад.

alt

-Худо кунад, ки чунин шавад! Бароят хушбахтии комил ва парвозҳои баланди эҷодиро орзу дорем.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД