arzon replenishment
Мино мардҳоро “вайрон” мекунад(ВИДЕО)
4377

Шумораи сарояндагон дар саҳнаи эстрадаи тоҷик рӯз то рӯз зиёд шуда истодааст ва ин ситорачаҳои навбаромад баъзан чунон нағмаю усулҳое мекунанд, ки аз диданаш ҳуш аз сари кас мепарад. 

Чанде пеш дар як тӯй шоҳиди “ҳунарнамоӣ”-и сарояндаи ҷавону овозадори тоҷик Мино гаштам. Чандин сарояндаҳои номдор он тӯй ҳузур доштанд, вале вақте ки Мино ба саҳна баромада ба ҷунбондану ларзондан сар кард, тамоми мардҳо якбора “девона” шуданд. Фақат ман ва ду-се марди калонсоли дигар гиребони тавба дошта бо даҳони воз ба нағмаҳои ин ҳофиза менигаристем, дигар ҳама мардони дар тӯйхона буда, девонавор дар гирди Мино давр зада, кӯшиш мекарданд, ки ақаллан як бор пайкарашон ба пайкари нозуки ӯ бирасад. Вақте ки Мино “Мино тра дӯст медора” гӯён, фиғон мекашид, доду вой мардҳои масту аласт ба фалак мепечид ва чангу хоки саҳнаи тӯй ба ҳаво мехест. Хулоса, ин хонум он қадар мардҳоро “девона” кард, ки мани қишлоқӣ худамро дар кадом як дискотекаи амрикоӣ тасаввур кардам. Мардҳои сархушро ларзишҳои пайкари Мино ба қавли кампиракон “вайрон” карда, хунашон ба ҷӯш омада буд ва дар атрофи Мино печутоб хӯрда, якдигарро теладиҳон кӯшиш мекарданд ба ӯ ҳарчи наздиктар шаванд. 


« Ту воқан ҳам хеле хуб фаолият намудӣ. Ту бисёр мушкилиҳоро паси сар намудӣ. Алвидоъ»



Фонограммасароии Мино, доду фиғони як тӯда мардҳои бадмаст ва чангу ғубори саҳнаи тӯйхона диламро ба танг оварду бо табъи хира ба хона баргаштам, вале...
Қасд кардагӣ барин, ҳамон бегоҳ писарам Эркин фитта дар даст аз дар даромад ва “Ота, як диски зӯр овардам” гӯён онро ба DVD монд. Баробари дидани рақсҳои аллакай бароям ошнои Мино оташи ғазабам дубора аланга зад ва худам ҳам нафаҳмида мондам, ки чӣ тавр дискро аз DVD бароварда шикастаам. Писарамро хеле ҷанг карда, таъкид кардам, ки агар боз як бори дигар ҳамин хел дискҳоро дар дасташ бубинам, аз худаш гила кунад.
Пӯшидани либосҳои урён ва тақдил ба фарҳанги бегона бо “шарофати” Мино барин ситорачаҳо рӯз то рӯз дар байни ҷавонони мо бештар мӯд шуда истодааст. Духтарчаи хурдсолам дискҳои ситораҳои навбаромадро тамошо карда, ба Мино барин ҳофизаҳо тақдилкунон пайкари хурдакакашро меҷумбонаду меларзонад ва албатта маро ҳамчун падар ин масъала сахт ба ташвиш меорад.
Рисолати суруду мусиқию адабиёт тарбият намудани ҷомеа аст, аммо бачаҳои тоҷик аз Мино барин сарояндаҳо чиро меомӯзад?!
Мақсади ман паст задани Мино нест, танҳо мехоҳам ҳамчун як фарди мусалмон аз тамоми бонувони сарояндаи тоҷик хоҳиш намоям, ки дар куҷое набошанд, зани мусалмон буданашонро аз ёд набароранд.

alt

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД