Варзишгари тоҷик Мирзобек Умаров дар риштаи санъати муҳорибаҳои омехтаи Modern дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 соҳиби медали тило гардид.
Умаров дар вазни то 60 килограмм дар рақобати ниҳоӣ бар намояндаи Ӯзбекистон Фирдавс Атамуратов бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуда, ба унвони қаҳрамони Бозиҳои Осиёӣ даст ёфт. Ин аввалин медали тилои Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиёии соли 2026 ва ҳамзамон 7-умин медали тилои Тоҷикистон дар таърихи иштирокаш дар ин мусобиқаҳо ба ҳисоб меравад.
Пирӯзии Мирзобек Умаров ба Тоҷикистон имкон дод, ки дар ҳисоби медалҳои тилоии Бозиҳои Осиёӣ-2026 номи худро боз ҳам боло барад.