toyota motors
Модарам маро бехона карданист
16.05.2026
Oila.tj
105

Ман марди 32-сола ҳастам. Солҳои беҳтарини ҷавониамро дар муҳоҷират гузаронидам, то зиндагии аҳли хонаам хуб шавад. Имрӯз бошад, бо тамоми ранҷу заҳматҳоям дар назди дари ҳамон хонае мондаам, ки бо арақи ҷабинам бунёдаш кардам.

Мо дар оила фарзандони зиёд будем. Падарам марди одӣ, аммо меҳнатдӯст буд. Вақте синнам ба бист расид, вазъи зиндагӣ сахт шуд ва ман маҷбур шудам роҳи Русияро пеш гирам. Он рӯзҳо фикр мекардам, ки чанд сол кор мекунам, маблағ ҷамъ меорам ва баъд дар ватан зиндагии хуберо оғоз менамоям. Аммо зиндагӣ тавре шуд, ки қариб даҳ сол дар муҳоҷират сарсону саргардон гаштам.

Дар сардиву гармиҳои Русия корҳое кардам, ки ҳатто ба ёд оварданашон душвор аст. Шабҳо дар сохтмон хоб мерафтем, рӯзҳо бо шиками нимсер кор мекардем. Баъзе вақтҳо муздамонро намедоданд, баъзан бемор мешудем, вале тоқат мекардем. Сабр мекардам, зеро медонистам, ки дар Тоҷикистон модару хоҳару додаронам интизори пули мананд.

Ҳар моҳ маблағ мефиристодам. Аввал хонаи кӯҳнаи падарамонро таъмир кардем. Баъд қарор шуд, ки онро пурра чаппа карда, хонаи нав созем. Ман розӣ шудам. Гуфтам, ки бигзор аҳли оила дар шароити хуб зиндагӣ кунанд. Солҳо маблағ ҷамъ намуда, хонаи дуошёна сохтам. Дар назди хона ҳаммом, ошхона ва оғил бунёд кардам. Ҳатто барои гирифтани ҳуҷҷатҳои хона - сертификату техпаспорт маблағ фиристодам.

Он вақт фикр намекардам, ки рӯзе барои ҳамин хона овора мешавам.

Пас аз бозгашт ба ватан оиладор шудам. Занам духтари ором ва боодоб аст. Ду фарзанд дорем. Фикр мекардам, ки акнун зиндагии осуда оғоз мешавад. Аммо баъди чанд вақт муносибати модарам бо ман дигар шуд. Аввал аз занам айб меҷуст, баъд ба кӯдаконам эрод мегирифт. Ҳар рӯз баҳонае пайдо мешуд.

Ман кӯшиш мекардам, ки хомӯш бошам. Охир, модар аст. Намехостам садоямро баланд кунам. Аммо рӯз то рӯз вазъ бадтар шуд. Ниҳоят як рӯз модарам гуфт: “Хонаро холӣ кун! Ин ҷо ҷои ту нест!”.

Аввал фикр кардам, ки аз қаҳр гуфтааст. Вале баъд фаҳмидам, ки ҷиддӣ будааст. Ҳатто гуфт, ки хонаро ба номи додарам мекунад, чун ӯ дар наздаш мондаасту хизмат мекунад.

Ман ҳайрон мондам. Оё хизмат танҳо дар назди чашм будан аст? Пас он солҳое, ки ман дар ғарибӣ ранҷ кашида, маблағ мефиристодам, хизмат набуд? Он шабҳое, ки дар сармо кор карда, дастонам кафида буданд, барои кӣ буд?

ҶОБИР, муҳоҷир

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД