formula55
МОШИН БАР ИВАЗИ ҶОН
4151


Хашми бемаънӣ ва лаҷомгусехта низ ҳалокатвор аст, чунон ки неки ва меҳрубонии бемаънӣ!
(К. Д. Успенский)

Хабари худро дор кашидани Аброр дар як дам байни мардуми деҳ паҳн гардид. Ҳайратзадаву лаънатхонда як- як сокинон ба хотири падари марҳум ба ҷаноза омадан гирифтанд. Падар кӯдаквор мегиристу бо ҳасрат мегуфт :
- Бачаи ширинам, чаро ҳаёти худро сӯхтӣ? Чӣ намерсид ба ту?... Тӯйи домодиятро надида, бо дили пурорзу тарк кардӣ моро.
Ҳар каси ба ҷаноза омада чашму абрувон барроқу рӯйи гирду беҷирми Аброри ҷавонро дида, ба худ савол медод:
- Ин қадар ҷавони зебову таҳамтан барои чӣ ҷони ширини худро ба азоб монда бошад?
...Падар шарм медошт, ки мактубчаи вопасини писари беақлона рафторкардаашро ба мардум нишон дода, бо овози баланд гӯяд, ки “Ҳой мардум, писарам барои мошин худашро овехт”.
Ба андешаам, ӯ аз хӯрданиву пӯшиданӣ камие надошт. Дар таълиму тарбияташ кӯшиш менамудам, ки ба саҳлангориву камбудие роҳ надиҳам. Аммо чаро ӯ барои чизи дунявӣ мошин, ки бисёр вақт сабабгори ҳалокати нафарони зиёдест, инқадар ба худ ҷабр кард. Агар пули зиёд медоштам, ҳатман барояш мошин мехаридам, аммо кани ҳамон маблағ, ки ....
Беақливу беандешагӣ кард ӯ. Аброрро дар сар ҳанӯз аз наврасӣ фақат як орзу буд: “Мошин”.
Худро дар мошинҳои хориҷии навбаромад тасаввур карда, аз шодӣ қарсак мезад. Хаёлан савори мошини сабукрав духтарони зеборо дар бараш медид. Ҳарчанд падар бо мушкиливу даводавҳои зиёде ба донишгоҳ дохилаш карда бошад ҳам, аммо Аброр ба дарсҳо тамоман аҳамият намедод, танҳо бо бачаҳои давлатманди мошиндор роҳи дӯстиро ҷустуҷӯ менамуд.
Боре ба гӯшаи хаёл ҳам намеовард, ки падар бо чӣ машаққатҳову меҳнатӣ сангин роҳкирои ӯро пайдо менамояд. Охир, ҳар рӯз аз ноҳия ба шаҳр мераваду боз бегоҳ ба хона бармегардад. Падару модар орзву ҳавасҳои зиёде доштанд, ки ӯ мехонаду оянда соҳиби касби баланде мегардад ва онҳоро нигаҳбонӣ мекунад. Аз куҷо медонистанд, ки писари ноқобилашон имрӯзҳо ба чӣ кору бор машғул асту дар сар чӣ фикре дорад. Бо умеди хонадоркунии писар кам – кам либос мепартофтанд.
Ҳатто як духтари хеши дурашонро низ таги чашм карда монда буданд. Падару модар дар ғами ӯву ӯ дар ғами ҳаракати “мошиндорӣ” буд. Агар падар аз рафти дарсҳояш пурсон мешуд, Аброр дӯғ зада мегуфт: “Шумо чӣ кор доред ба хондани ман? Кори худатонро  карда гаштан гиред!”. Падарро аз ин ҷавоби дағалонаи писар нанг меомаду асабӣ мешуд, вале ҳамсараш ин дам тасалло дода мегуфташ: “Дадош зуд хафа нашавед, ӯ ҳоло хеле ҷавон аст, оҳиста – оҳиста ислоҳ мешавад!”.

Аброр бошад, баръакс рӯз ба рӯз калон шуда, ақлаш костан мегирифт. Аброр падару модарашро тамоман эҳтиром намекард. Чизе, ки дилаш мехост ҳамонро ба сомон мерасонид. Хуллас, аз тоифаи “сараму дилам”-ҳо буд. Насиҳату падару панди модарро ба инобат намегирифт. Хоҳ сари хӯроки шом ё хоҳ сари хӯроки ноништа “ба ман мошин харед” –гӯён волидонашро безобита мекард. Аз ин сухани сарди писар падар ба хашм омада, ба сари Аброр даст бардошт. Ӯ аз хона сари хашму ғазаби аҳриманӣ давида берун рафт. Ӯ чунон дар оташи қаҳру ғазаб меҷӯшид, ки касеву чизе пеши роҳашро намегирифт.

Ӯ чӣ гуна арғамчинро ба сутуни оғил басту худро ба дор овехт, бехабар монд. Вақте банди гӯлӯяшро буғӣ кард, ӯ ба худ омаду доду фарёд бардошт, пушаймону сарсон падару модарро ба ёрӣ хонд, аммо овозашро ба ҷуз Азроил касе намешуниду халос...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД