arzon replenishment
Муаллими духтарбоз ва дигар розҳои Майкл аз «Универ»
2263

 

Даричаи ошноӣ:

Ном: Арарат.

Насаб: Кешян.

Санаи таваллуд: 19-октябри 1978.

Макони таваллуд: Гагра, Обхазия.

Қад: 181.

Вазн: 90 кг.

Касб: Ҳунарпеша.

«Пингвинча» аз соҳили баҳри сиёҳ

Арарат Кешян дар як деҳаи хурдакаки Гаграи Обхазия дар соҳили Баҳри сиёҳ таваллуд шудааст. Арарат як бародари аз худаш калон дошта бошад ҳам, эркаи падару модар буд. Волидонаш ба ӯ меҳру муҳаббати зиёд доштанд ва аз дӯстдории бисёр Араратро “пингвинча” мегуфтанд. “Пингвинча” дар соҳили баҳр ба дунё омада бошад ҳам, дар ин мулк чандон зиёд зиндагӣ накард. Оилаи онҳо ба Адлер кӯч бастанд ва Арарат дар ҳамон ҷо мактаби миёнаро хатм намуда, ба факултаи хоҷагидории меҳмонхонаи Донишкадаи дӯстии халқҳо дохил шуд, аммо...

Бачаҳои шӯх
Тавре ки болотар ишорат намудем, Арарат як бародари аз худаш калон дорад. Акааш дар риштаи иқтисодиёти донишгоҳ таҳсил мекард ва аъзои дастаи КВН буд. Арарат гоҳ-гоҳ ҳамроҳи бародараш ба толор рафта, аз тамошои саҳначаҳои ҳаҷвӣ лаззат мебурд. Ҳамин тавр, оҳиста-оҳиста ӯ низ ба КВН дил баста, аъзои фаъоли дастаи “Внуки Лумумби” гашт. Бозӣ дар КВН ба ихтисоси ягонтои бародарон наздикӣ надошта бошад ҳам, падару модарашон онҳоро дастгирӣ намуда, шердил мекарданд. Барои онҳо ҳамин қадараш кофӣ буд, ки фарзандонашон бо санъату ҳазлу шӯхӣ овора шуда, барои кӯчагардию корҳои беҳуда вақт намеёбанд...

Биё, хандем!
Солҳои 2000-2002 дастаи “Внуки Лумумби” дар КВН ғолиб баромада, ба даври нимфиналии лигаи шимолӣ баромад. Арарат бо бозии бисёр ҷолиб ва нотакрораш ҳакамонро аз ханда қариб рӯдакан карда, ба саҳнаи калон роҳ ёфт.

Акнун бародарон дар пойтахти Русия зиндагӣ карда, на танҳо дар КВН, балки дар барномаҳои дигари ҳаҷвӣ низ ширкат меварзиданд. Онҳо ният доштанд, ки ҳамроҳи дӯстонашон аз КВН проекти наву аҷиби телевизионӣ кушоянд, вале...

“Универ”-роҳ ба сӯйи қулла
Дар ана ҳамон шабу рӯзҳое, ки бародарон дар андешаи проекти нав буданд, Араратро ба сериали телевизионии “Универ” даъват карданд. Барои “Пингвинча” ин шанси калон буд ва Арарат Кешян бахти худро аз даст додан нахоста, розигӣ дод. Ба Арарат нақши Майклро доданд. Майкл ҷавоне қоматбаланди зебоест, ки аз музофот барои таҳсил ба Маскав омадааст. Вай ба сифати муаллими ҷавон дар донишгоҳ дарс мегӯяд ва зоҳиран бисёр ҷиддӣ менамояд, аммо дар асл ҳушу ёдаш танҳо ба духтарбозӣ банд аст. Вай дар занбозӣ устухон надорад ва бо суханони ширин ҳатто духтари ректорро ба домаш меафтонад...


Дар муддати ду моҳ мард тамоми далелҳоро ҷамъ карда, ҳатто гӯри фарзанди ҳамромии занашро пайдо намудааст, аммо дари чандин мақомотро кӯфта бошад ҳам, касе ба доди ин домоди фиребхӯрда намерасад.


Дар ин силсилафилм нақш бозидан осон набуд, зеро банаворгирии филм қариб, ки бе танаффус мерафт ва танҳо наздики шаб ҳунармандон камтар вақти холӣ пайдо мекарданд. Дар силсилафилми мазкур Мария Кажевникова, Андрей Гайдулян, Виталий Гогудский ва дигар ҳунармандони аллакай шинохта нақш меофариданд ва Арарат тамоми қуввату маҳораташро ба кор мебурд, то ки нақшашро аз онҳо беҳтар бозӣ кунаду бадтар не....

 Никоҳи пинҳонӣ
Соли 2007 Арарат дар Сочи бо Ирина ном духтари қоматбаланду зебои малламӯй шинос шуда, ба ин зебосанам таклифи хонадоршавӣ намуд. Падару модараш арӯси хушкардаи Араратро маъқул накарда бошанд ҳам, ин ошиқи шайдо ду пояшро ба як мӯза андохта мегуфт, ки зиндагӣ бе Ирина барояш ҳаром аст.

Ҳамин тавр ба норозигии волидонаш нигоҳ накарда, ин қаҳрамони “Универ” ба духтари дӯстдоштааш хонадор шуд, вале никоҳи онҳо чандон дер напоид. Ирина духтари мустақил ва бисёр якрав буда, парвои оила надошт. Ин духтари қайсар мехост пас аз тӯй низ бо майли дили худ зиндагӣ кунад ва касе пишакашро пишт нагӯяд. Ирина ҳамеша дар талоши карера буд ва заррае фикр намекард, ки шавҳараш чӣ мехӯраду чӣ мепӯшад. Бечора Арарат зан дошта бошад ҳам, худаш хӯрок мепухт, худаш либосҳояшро шуста дарзмол мекард. Эҳтимол ӯ ба ҳамааш тоқат карда, зиндагиашро вайрон намекард, агар Ирина ақаллан як фарзанд ба дунё меовард. Арарат бисёр мехост писарча ё духтарчаи фатиламӯе дошта бошад ва фарзандашро дар сари китфаш шинонда ба тамошо барад, аммо Иринаи ташнаи карера дар бораи ҳомиладор шудан ҳатто фикр намекард. Андешаи ҳомиладор шудан ин зани шуҳратпарастро ба даҳшат меовард, аз ҳамин сабаб, пас аз се сол Арарат маҷбур шуд, ки аз ҳамсараш ҷудо шуда, зани дигар бигирад...

Дер ояду шер ояд
Пас аз расман бекор намудани ақди никоҳашон бо Ирина Арарат бо модели шинохта Екатерина Шепет муносибатҳои ошиқонаро оғоз намуд. Ин зебосанами химчамиён зодаи Қазоқистон буда, ба Маскав барои таҳсилу кор омада буд. Екатерина ва Кешян соли 2013 як базми хоксорона ороста, расман зану шавҳар шуданд. Тӯйи онҳо бе дабдаба гузашта бошад ҳам, ин ҷуфти зебо бо ҳам хушбахтанд, чунки ҳамдигарро сидқан дӯст медоранд ва ҳурмату эҳтиром менамоянд...

Зани хуб-биҳишти мард
Бурди Екатерина дар он аст, ки новобаста аз серкориву тиҷорати шахсиаш барои шавҳараш вақт ҷудо мекунад ва оиларо аз ҳама муқаддасу муқаддамтар медонад. Вай бо ҳамин хислати наҷибаш дар дили Арарат маъво гирифтааст ва ин духтарбози ашадии “Универ” берун аз саҳна ба ғайри ҳамсараш дигар ба ягон зан нигоҳ намекунад. Духтарчаи Арарат ва Екатерина аллакай ситораи саҳифаи Инстаграмми падараш гаштааст. Кешян бо духтараш фахр мекунад!

Шаҳло Ниёзова

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД