sebiston july new
Муъҷизаи ишқ Қисми 1
19.01.2023
Дилошуб
2021

                         Кабӯтарони ошиқ

Шоҳину Шабнам дар як сол ба дунё омада, дар як деҳа ба воя расиданд. Даврони беғамии кӯдакӣ пушти сар шуду наврасию ҷавонӣ ҳамроҳи худ ишқу умеду орзуро овард. Шоҳин эҳсос кард, ки меҳри кӯдакияш ба Шабнами сабзинаи қоматбаланд ба ишқ табдил меёбад. Изҳори ишқ карду ҷавоби мусбат гирифт. Ҷавон дар осмони сабзи муҳаббат парвоз мекарду ҳама сиёҳиҳои ин даҳри пур зи макрро сабз медид. Дар диёри орзуҳо худро шоҳ медиду Шабнами нозанинашро малика, вале руъё дигар асту зиндагии аслӣ дигар…

Пас аз хатми мактаб Шоҳин ҳуҷҷатҳояшро ба донишгоҳ супориду Шабнам бошад, аз тарси волидони ҷоҳил ҳатто орзуи хондан доштанашро ба касе нагуфт. Шоҳин донишҷӯ шуд, Шабнам ӯро табрик кард. Ҷавон ба дӯстдоштааш ваъда дод, ки пас аз хатми донишгоҳ ба ӯ хонадор мешавад ва Шабнами нозанинашро ба донишгоҳ дохил мекунад, аммо беҳуда нагуфтаанд:

Мо дар чӣ хаёлему фалак дар чӣ хаёл?

Мо дар пайи ободӣ, фалак вайронкор…

                     Ҷабри қисмат

Шоҳин бо дили кашол ба шаҳр рафт, ба ҳамсабақонаш, ки аз гӯшаю канори кишвар барои хондан омада буданд, нигариста, дар ҳайрат мемонд, ки чаро аҳли деҳаи онҳо, хусусан волидони Шабнам ин қадар ҷоҳиланду зидди хондани духтарашон баромаданд? Вагарна имрӯз Шабнамаш дар паҳлуяш илм меомӯхту онҳо лаҳзае аз ҳам ҷудо намешуданд. Шоҳин боварӣ дошт, ки Шабнам ба азмаш устувор меистаду ӯро мунтазир мешавад… Пас аз ду моҳи ба шаҳр рафтани Шоҳин барои Шабнам хостгор омад, аз оилаи баобрӯи ноҳия, писари Анвар-милиса. Акрам низ донишгоҳро хатм карда, мисли падараш корманди милиса буд ва падари Шабнам аз духтараш ризоияти ӯро напурсида, ҷавононро фотеҳа карданд. Он вақтҳо телефонҳои мобилӣ нав пайдо шуда буданду мардуми оддӣ ба он дастрасӣ надоштанд ва Шабнам натавонист бо Шоҳин дар тамос шуда, ӯро аз вазъият огаҳ кунад. Духтар намедонист сарашро ба кадом девор занад. Ӯ шарму ҳаёи духтариро як тараф монда, як бегоҳ пинҳонӣ ба хонаи волидони Шоҳин рафт. Модари Шоҳин Шабнамро бо меҳр пазироӣ карда, сабаби омаданашро пурсид. Шабнам сурх шудаву шармида гуфт:

- Холаҷон, ман Шоҳинро дӯст медорам, вале падарам маро ба дигар кас доданист…

Модари Шоҳин зани хирадманду дунёдидае буд, аз ин рӯ, бадномии духтаракро нахоста, насиҳат кард:

- Шабнамҷон, Шоҳин ҳоло бояд хонад, кор кунад, баъд зан гирад. Ту медонӣ, ки ман ӯ ва хоҳарашро баъди фавти падарашон танҳо ба воя расонидаам, дастам намерасад, ки ҳамин ҳоло туро келин кунам. Баъд, падари ту ҳаргиз бо мани беваи камбағал қудо намешавад. Беҳтараш ба гуфтаи волидонат амал намо…

                             Ҷаҳли падар

Шуълаяки охирини бовар дар дили духтар хомӯш шуд, ӯ бо ашки шашқатор ба хонаашон рафт ва дар рӯ ба рӯяш падараш баромад.

- Шабнам, дар ин шоми ториқ аз куҷо меоӣ?!,- бо арбада пурсид падараш, офтобаи обро як тараф гузошта.

- Отаҷон, ман Шоҳинро дӯст медорам ва танҳо ба ӯ мерасам, илтимос фотеҳаро гардонед,- тарошаи аз бом афтодагӣ барин бо чашмони гирён арз кард духтар.

Падар аз ин гапҳои духтараш дар ҷояш шах шуд ва баъди хомӯшӣ бо овози баланд фарёд зад:

- Э, бар падарат лаънат ту беадаби мурдора!!!

Он бегоҳ падараш дунёро ба сари Шабнаму модараш гирдгардон сохт:

- Ман бо ҳамин ришу фаш, бо беваи Салоҳат қудо шавам?! Ту беадаби модарбахато як сағираи почакандаро дӯст медорӣ? Ман аввал ту ва баъд ана ин канчиқи модаратро мекушаму баъд ба турма меравам, фаҳмидӣ?!

Шабнам ба хотири ашки модар розӣ шуд, ки зани Акрам шавад, зеро модараш бе ин ҳам аз дасти падар рӯз надошт. Бародаронаш ин сиёсати падарро дастгирӣ мекарданд, модарро ҳурмат кунанд ҳам, гапи падар барояшон қонун буд, аз ин рӯ, ҳамеша пайрави падар буданд.

                          Ғурбатхона

Пас аз ду моҳи фотеҳа Анвар-милиса тӯйи бошукуҳе ороста, келинашро ба хонааш бурд. Хонаи шавҳараш дар маркази ноҳия, дар мавзеи боғзоре воқеъ буд. Акрам ҷавони болобаланди зебо ва эркае буд. Аз рӯзи аввал ба Шабнам меҳр надоштанашро нишон медод. Ду хоҳари шавҳараш ба Шабнам мисли хизматгор нигоҳ мекарданд. Арӯсак шабу рӯз сараш хам меҳнат мекард, хусуру хушдоманаш ба вай он қадар кордор нашаванд ҳам, пеши даҳони духтарҳояшонро намегирифтанд. Низораю Ситора ҳамеша янгаашонро паст зада, акаашонро таъриф мекарданд. Акрам низ аз онҳо паст намеомад. Ӯ ҳамеша таъриф мекард, ки “ман духтари раиси ноҳияро дӯст медоштаму падарам ту сиганро ёфта, келин кард”. Шабнам ба дер омадани шавҳарашу соатҳо бо телефон бо духтарҳои бегона суҳбат карданаш бепарво буд. Дили Шабнам ба ёди Шоҳини меҳрубону зебояш гум мезад, лаҳзаҳои фориғ аз кор, ки хеле кам буданд, танҳо барои ишқи ятимаш мегирист. Худро мазаммат мекард, ки чаро гурехта ба шаҳр назди Шоҳин нарафт...

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД