arzon replenishment
Муъҷизаи ишқ Қисми 3
21.01.2023
Дилошуб
1933

                                Аёдат

Шоҳин рӯзи дигар бо модару хоҳараш хайрухуш карда, ба Душанбе омад. Ӯ дар меҳмонхона ҷо гирифта, ба беморхона рафт. Баъди ҷустуҷуҳои зиёд ба шуъбаи бемориҳои асаби яке аз клиникаҳои шахсӣ расида, Шабнамро пурсуҷӯ кард. Шом фаро мерасид ва дар роҳравҳои беморхона одамон торафт кам шудан мегирифтанд. Зани навбатдор, ки бо иштиҳо чою ширинӣ мехӯрд, бепарвоёна гуфт:

- Бемори шумо мегуфтагӣ дар дами марг қарор дорад, назди ӯ даромадану надаромаданатон фоидае надорад, зеро ӯ чизеро намефаҳмад. Беҳтараш пагоҳ биёед, сардухтур монад, медароед…

- Апаҷон, ӯ ҳамсинфи ман аст, пагоҳ ман ба Маскав меравам, як назар мебинамаш, халос.

- Дурӯғ ҳам ба эбаш,- ин дафъа бо қаҳр гуфт зан,- вай аз ту камаш понздаҳ сол калон аст!

Шоҳин ба назди духтур як саддолариро гузошт. Зан оҳиста онро ба ҷайбаш андохта, гуфт:

- Майлашу лекин фақат чанд дақиқа…

                         Маргу ишқ

Шоҳин бо роҳбаладии зан ба ҳуҷрае даромад, ки он ҷо болои рахти сафед Шабнами ӯ мехобид. Аз Шабнами зебои дилоро осоре намонда буд. Болои бистар як ҷисми лоғари афсурда мехобид…

Нафаси Шоҳин аз дидани ин хорӣ гиреҳ хӯрд. Ӯ рӯйи курсичае назди Шабнам нишаста, дастони ӯро байни панҷаҳояш гирифта, ба лабонаш наздик бурд. Дастони кафидаю дағал ва мисли дастони мурдаи шабмонда сап-сафеду бехуни ӯро ба лабнаш гузошта, пичиррос зад:

- Шабнамҷон, маро бубахш, ман туро ҳифз карда натавонистам. Ман то ҳол туро дӯст медорам, ғайри ишқи ту ба даргаҳи дилам ишқи дигареро роҳ надодаам… Кӯшиш кардам, вале нашуд, азизакам…

Оби чашмони Шоҳин дастони Шабнамро тар карданд ва оҳиста-оҳиста ангуштони ӯ ба ларза даромаданд. Чашмонаш пир-пир парида, кушода шуданд ва ӯ хастаҳолона гуфт:

- Шоҳин, Шоҳин…

Духтурзан барои баровардани Шоҳин омада буд. Ин ҳолатро дида, ба куҷое занг зад. Дар як лаҳза болои сари Шабнамро духтурони зиёд печонида гирифтанд.

Рӯзи дигар ҳоли Шабнам каме беҳтар шуд. Профессори пир инро муъҷиза меҳисобид. Духтурзан аз тарси аз кор маҳрум нашудан дар бораи аёдатгари муъҷизакор чизе нагуфт. Танҳо рӯзи дигар Шоҳин боз пайдо шуду хоҳиш кард, ки ӯро ба назди Шабнам дарорад. Духтурзан ин дафъа бо мулоиматӣ гуфт:

- Ҳоло ман рафа беморро таъкид мекунам, баъд шуморо медарорам.

Духтурзан назди Шабнам рафта, баъди салому алейк пурсид, ки ба ҳуш омаданашро дар ёд дорад?

- Бале,- ҷавоб дод Шабнам,- як ҳамсинфамро хоб дидаму бедор шудам.

- Номи ҳамсинфат Шоҳин аст?,- тагпурсӣ кард духтурзан.- Ту хоб надидаӣ, Шоҳин ростӣ ба хабаргирият омадааст, худатро нигаҳ дор, ҳоло ӯро наздат медарорам…

                         Бахти деромада

Шоҳин ба ҷойи кораш занг зада, як ҳафтаи дигар рухсатӣ гирифт. Дар ин як ҳафта саломатии Шабнам рӯ ба беҳбудӣ овард. Акнун як мушкил - ба даст овардани шиносномаи Шабнам монда буд, ки инро ҳам духтурзан Зулфия-хола ҳал кард. Дили ӯ ба ҳоли ин зани ҷабрдида сӯхту ба хоҳаршӯи Шабнам занг зада, гуфт, ки як барномаи хориҷӣ дорем, беморонро бе пул табобат мекунем, шиносномаи хешатонро биёред, ӯро низ дар ин барнома шомил намоем.

Пас аз ду рӯз Шоҳину Шабнам ба Маскав парвоз намуданд... Танҳо баъди ду сол дар тӯйи арӯсии хоҳари Шоҳин ба ватан баргаштанд. Шабнамро шинохта намешуд. Ӯ мисли пештара зебою дилоро ва хушсухану хушгуфтор буд. Падараш дар ин миён аз дунё гузашта буд, модари муштипару бародаронаш бо ӯ оштӣ карданд…

Писари калонии ин ҷуфти ошиқу шайдо даҳсола ва духтарашон дусола аст. Онҳо дар пойтахти кишвар зиндагии хушу осуда доранд…

Касе мегӯяд, ки ишқ афсона аст, хато мекунад, зеро қаҳрамонони матлабамро мешиносам ва ба хонаашон рафтуомад дорам. Баъди чандин соли илтимосҳо розӣ шуданд, ки қиссаи ибартомӯзи ишқи поки онҳоро рӯйи коғаз биёрам.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД