Formula september
Мулло Ҳайдар аз имоматии Масҷиди Кӯлоб барканор шуд
1121

Домуллои машҳур Мулло Ҳайдар Шарифзода, ки солиёни зиёде имоматии масҷиди ҷомеъи шаҳри Кӯлобро бар дӯш дошт, аз вазифа барканор шудааст.

Ин рӯҳонии тоҷик натанҳо дар вилояти Хатлон, балки дар саросари ҷумҳурӣ машҳур аст ва мардум номашро бо эҳтиром ба забон мегиранд.

Мулло Ҳайдар аз зумраи он уламои машҳури дини ислом мебошад, ки аз сулҳу субот ҷонибдорӣ намуда, мардумро бо панду насиҳат ба роҳи рост ҳидоят менамояд.

Домуллои машҳур сабаби тарки имоматӣ карданашро ба болоравии синну сол рабт дода, гуфтааст, ки вазифаро ба каси дигар супурда бошад ҳам, сохтмони масҷидро назорат хоҳад кард.

Ёдрас мешавем, ки Мулло Ҳайдар Шарифзода 78 сол дорад.

Имоми нави масҷиди ҷомеъи шаҳри Кӯлобро рӯзи 9-уми август ҳангоми намози ҷумъа ба мардум муаррифӣ кардаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД